Малик Салмон валиаҳдиро аз додараш гирифта, ба писараш дод

Малики Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз писари 31-солааш Муҳаммад Бин Салмонро валиаҳд эълон карда, дар байни ворисони тахташ дар ҷои аввал гузошт. Валиаҳди қаблӣ Муҳаммад Бин Ноиф ҳам аз ин унвон ва ҳам аз мансаби вазири дохилаи Саудӣ барканор шудааст.

Хабаргузории давлатии Арабистони Саудӣ рӯзи 21 июн хабар дод, ки бо фармони малик Салмон писараш Муҳаммад Бин Салмон ҳам валиаҳд ва ҳамзамон муовини сарвазир таъйин шудааст.

Муҳаммад Бин Салмон то кунун баъди амакаш Муҳаммад Бин Ноиф валиаҳди рақами ду ҳисоб шуда, ҳамчунин вазири дифои Арабистони Саудӣ буд ва фаъолияти Шӯрои иқтисодии ин кишвари саршор аз манобеи нафтро низ идора мекард.

То замони ба қудрат расидани падараш малик Салмон дар соли 2015, исми ин писари ӯ ба мардуми Саудӣ чандон ошно набуд. Танҳо гуфта мешуд, ки ӯ раҳбарии дарбори падарашро, ки он замон валиаҳд буд, бар ӯҳда доштааст.

То кунун тахту тоҷ дар Арабистони Саудӣ аз бародар ба бародар ба мерос мемонд ва ин зоҳиран бори аввал аст, ки як малики Саудӣ мехоҳад тахташ ба фарзанди ӯ бимонад.

Гуфта мешавад, интихоби Муҳаммад Бин Салмон ба унвони валиаҳдро 31 нафар аз 34 узви Шӯрои савганди Арабистони Саудӣ, ки ришсафедони сулолаи Саудро дар бар мегирад, пуштибонӣ кардаанд.

Муҳаммад Бин Салмон, ки дар ҳукумати Саудӣ дар баробари вазорати дифоъ, идораи умури иқтисодӣ ва риштаи нафт – манбаи асосии даромади кишварро бар дӯш дошт, қаблан дар чандин мусоҳибааш бо матбуоти ғарбӣ гуфта буд, ки мехоҳад бо роҳи диверсификатсияи иқтисод вобастагии Арабистони Саудӣ аз тавлиду фурӯши нафтро коҳиш диҳад.

Ӯву мушовиронаш, ки таҷрибаи кор дар созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла дар Бонки ҷаҳониро доранд, бо номи «Vision for the Kingdom of Saudi Arabia 2030” «Дурнамои мамлакати Арабистони Саудӣ 2030”) барномаи фарогиреро таҳия кардаанд, ки аз ҷумла таъсиси бузургтарин Бунёди пешрафт дар ҷаҳон ва тавассути IPO барои фурӯш ба биржа баровардани саҳмияҳои ширкати миллии нафти «Saudi Aramco”-ро дар бар мегирад.

Хабаргузории Bloomberg Муҳаммад Бин Салмонро як нафари калидӣ дар ихтилофи кунунии байнри Арабистони Саудиву кишварҳои дигари арабӣ бо Қатар меномад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *