Ба Доналд Трамп импичмент таҳдид мекунад
Палатаи намояндагони Конгресси ИМА таҳқиқи фаъолияти президент Доналд Трампро расман оғоз кард, ки эҳтимол дорад, бо изҳори нобоварӣ ё импичмент ба ӯ бианҷомад.
Дар ин бора раиси Палатаи намояндагони ИМА Нэнсӣ Пелосӣ рӯзи сешанбе иттилоъ дод.
Ӯ Трампро дар робита ба суҳбати телефонияш бо президенти Украина Владимир Зеленский ба нақзи Конститутсияи ИМА айбдор кард.
Як корманди хадамоти махсуси ИМА гуфтааст, Трамп дар ин суҳбат ба Зеленский фишор овардааст, ки дар Украина зидди номзади демократҳои Амрико ба мақоми президентӣ дар интихоботи соли 2020 Ҷо Байден тафтишотро оғоз кунанд. Пелосӣ амали Трампро қонуншиканӣ номида, ба он бештар таваҷҷуҳ кард, ки чаро маъмурияти Трамп аз ироаи матни иттилои корманди хадамоти махсус ба Конгресс худдорӣ мекунад. Пештар ҳам Палатаи намояндагон ва ҳам Сенат, ки аз сӯи ҷумҳурихоҳон — ҷонибдорони Трамп идора мешавад, аз маъмурияти президент хостанд, ба қонунгузорҳо имкони шиносоӣ бо иттилоъро диҳад.
Ба гуфтаи Пелосӣ, фаъолияти Трампро шаш кумитаи Палатаи намояндагон таҳқиқ мекунанд. Агар онҳо ба хулосае бирасанд, ки президент қонуншиканӣ кардааст, Палатаи намояндагон масъалаи изҳори нобоварӣ ба ӯро ба баррасӣ мегирад. Сипас онро бояд бештари конгрессменҳо ва аз се ду қисми сенаторҳо бояд ҷонибдорӣ кунанд.
Дар таърихи ИМА Сенат боре тасмими изҳори нобоварӣ ба президентро ҷонибдорӣ накардааст. Танҳо соли 1974 президент Ричард Никсон дар пайи таҳдиди изҳори нобоварӣ аз мақомаш истеъфо дод.
Трамп мегӯяд, дар суҳбати телефонии 25 июл ба Зеленский фишор наовардааст. Вай гуфт, рӯзи чоршанбе ҷузъиёти суҳбатро пурра нашр мекунад. Трамп қарор аст, имрӯз бо Зеленский дар шаҳри Ню-Йорк дидору гуфтугӯ кунад.
Президенти ИМА дар Твиттер ба баромади Пелосӣ вокуниш нишон дода, иқдоми Палатаи намояндагонро «шикори ҷоду» номид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ