“Somon.tj” не, сарсон тҷ!
Имрӯз дар забони хурду калон, муқимию муҳоҷир, донишҷӯю бедониш дар шаҳри Хуҷанд номи сомонаи “Somon.tj” нишастааст. Аммо ин сомонаро ман “Сомон -сарсон” унвон кардам.
Имрӯз дар забони хурду калон, муқимию муҳоҷир, донишҷӯю бедониш дар шаҳри Хуҷанд номи сомонаи “Somon.tj” нишастааст. Аммо ин сомонаро ман “Сомон -сарсон” унвон кардам. Чаро? Тӯли беш аз як моҳ аст, ки барои додараму оилаам хонаи иҷора меҷӯем. Аммо ба 8 хонаи иҷорае, ки занг мезанем, ҳама “додагӣ”.
6 сентябр ҳам ба рақамҳои (92) 600 60 61 ва (92) 864 64 99 занг задам. Аммо ҳар ду иҷораҳо кайҳо супурда шудаанду эълонҳояш то ҳол дар сомона истодааст. Вақте гуфтем: Иҷораро додед, чаро эълонашро аз сайт гирифта намепартоед? Охир мардум, вақт ва интернет сарф карда, барои ҳал шудани мушкилашон ба сайти шумо медароянд. Ин якуму дуюм бор не, даҳҳо бор ҳамин ҳолат такрор мешавад. Аз он тарафи гӯшӣ марде, ки дар оҷонсӣ кор мекардааст: “Эълонҳоро намегирем, меистад!” гуфту телефонро хомӯш кард.
Баъдан, ба рақами 92- 600- 60- 61 занг задам. Баъди салому алайкум гуфтам, ки иҷора лозим ҳамин рақами шумо дар сайт будааст. Фалон иҷораро пурсиданӣ будам. Дар ҷавоб гуфт:-Вай иҷораро додагӣ мо. Боз ба ин ҷавон ҳам эроди якумиро такрор кардам. Он ҷавон “Буҷа гӯям — ми шумо чӣ кор мекунед?” гуфту баъд бо оҳанги нимхандаю тамасхӯромез гуфт: -Шумо кӯча ба кӯча кофта меёбед, сомонаи мо, ки маъқул нашуда бошад.
Аз ин чанд рӯз пештар ба рақамҳои 92- 862- 79-77 занг зада будам. Гӯширо як мард, ки корманди “Somon.tj” будааст, бардошт. Вақте иҷораи ишорашударо пурсидам, гуфт: “ Мо вай квартирая супурдагӣ”.
Аз ин мард низ пурсида будам, ки чаро эълонҳои куҳнаро намегиред, мардумро боғ — гӯён ба роғ мебаред? Ин мард гуфт, ки бо баҳонаи эълонҳои куҳна мардум ба онҳо занг мезадаанд ва бо ҳамин шеваи кор (фиреб) ба корафтодагон иҷора ёфта медодаанд.
Ман ба се рақам занг зада, чунин сарсон ва асабӣ шудам, пас дигар мардум то мушкилашон ҳал шудан, то иҷора ёфтан чанд бор занг мезада бошанд? Ин ҳам дар ҳолест, ки суроғаи иҷораро надода, 100 сомонӣ пули мизоҷро аз дилу ҷигараш канда мегиранд.
Тавре дуруштӣ ва хунукназарӣ мекунанд, ки гӯё кори ройгон ба мардум мекарда бошанд. Аз ин чанде пеш ба оҷонсие, ки дар кӯчаи Мир 2 ҷойгир аст, рафта будам. Дар он ҷо ду зан кор мекардаанд. Худписандию хунукназарии занҳоро дида, кас дар ҳайрат мемонад. Фақат пурсиданиям: “Somon.tj” не “Сарсон.тҷ” гуфтани ман баъди овардани мисолҳоям дуруст аст ё на?
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ