Ба идораҳои давлатӣ ва хусусӣ бо сатр даромадан манъ мешавад

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки вуруди занҳои сатрпӯшро ба бинои вазорату идораҳо ва корхонаҳои хусусӣ бо қабули қонун манъ кунанд.

Ҳоло як гуруҳи махсуси корӣ ба таҳияи тарҳе пардохтаанд, ки интизор меравад вуруди занҳои ҳиҷобдорро ба тамоми идораву муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, мамнуъ кунад. Гуруҳ дар назди Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон ташкил шудааст.

Ин нахустин талоши аз роҳи қонун маҳдуд кардани пӯшидани рӯсариву ҳиҷоб дар Тоҷикистон аст. То ба ҳол мақомот бештар аз роҳи дастуру даъватҳо пушидани либоси мазҳабиро маҳдуд карда ва мегуфтанд, ки ин бахши либоси занона ба фарҳанги миллии мардуми тоҷик бегона аст.

Дар миёни либосҳое, ки пӯшиданашон барои занҳои тоҷик машварат намешавад, ҳиҷобу рӯсарӣ, сатру ниқоб, бурқа ва дигар либоси комилан пӯшидаи сиёҳ мебошад. Фаъолони ҳуқуқ ва заноне, ки моили пӯшидани ин либос ҳастанд, ин маҳдудиятҳоро хилоф бо озодии маданиву шаҳрвандии худ арзёбӣ мекунанд.

Як мақоми Маркази миллии қонунгузорӣ рӯзи 14-уми декабр гуфт, ки комиссия пас аз супориши Дастгоҳи иҷроияи президент дар ин замина ба кор шурӯъ кард.

Ӯ гуфт, «дар Маркази миллии қонунгузории назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба таклифи Кумитаи кор бо занон дар бораи манъи вуруди занону духтарон бо сатру ҳиҷоб ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, таъсис ёфтааст».

Ба иттилои ин масъули Маркази миллии қонунгузорӣ, қарор аст, рӯзи 18-уми декабр дар ҷараёни як нишаст ё мизи гирде дар Душанбе намояндагони тамоми вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ хоҳанд кард. Дар Маркази миллии қонунгузорӣ мегӯянд, бар пояи назару андешаҳои вазорату идораҳои давлатӣ, тарҳи қонуни нави маҳдудкунандаи доштани рӯсариву ҳиҷобро таҳия мекунанд.

Муаллифи ташаббуси манъи қонуни рӯсариву ҳиҷоб барои бонувони тоҷик Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон мебошад. Ин кумита дар як нома аз Додситонии кулли Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба таври қонунӣ вуруди занҳоро бо сатру ҳиҷоб ба идораву ташкилот новобаста аз шакли моликият, яъне ҳам давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ, манъ кунад.

Додситонӣ дар навбати худ ин дархостро ба Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур ирсол намуд ва бар асоси супориши дастгоҳ, Маркази миллии қонунгузорӣ як комиссияи вижаи байниидоравиро таъсис дод.

Дар чанд соли охир мақомот дар миёни духтарони занони тоҷик рейдҳое ҳам барпо карда, дар сӯҳбат бо бонувони ҳиҷобпӯш машварат додаанд, ки бидуни он ваё ба сар кардани рӯймоли занона ҳиҷоби худро иваз кунанд.

Мухолифони ин муқаррарот мегӯянд, ки шаҳрвандон бояд дар интихоби сарулибос ва намуди зоҳираш озод бошад. Мавзӯи назорат аз либоси мазҳабии шаҳрвандон дар Тоҷикистон мавриди интиқоди гузоришгарони Коммиссиюни озодиҳои динии ИМА ва ҳам дигар нозирони риояи ҳуқуқи башар дар хориҷи Тоҷикистон шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *