ГУЛЧИНЕ  АЗ  АСАРИ  АСР…

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки дар ҳаёти сиёсӣ

ва идораи Давлатӣ бе восита ва ё ба

воситаи вакилонаш иштирок намояд.

Конститутсияи.Ҷ.Т. моддаи.27. 

 

 

НАЗАРИЯИ  МУТАФАККИРОНИ ПЕШАЗМЕЛОДӣ ВА ФАЙЛАСУФОНУ  КЛАССИКҲОИ ҚАДИМАВУ МУОСИР, НИСБАТИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРӢ.

 

Ҳамватанони бисёр азизу гиромиқадр ва равшандилону маорифпарварони кишвари азизамон! Ба мавзӯе рӯй меоварем, ки бисёр нозуку ҳассос аст, дар айни замон мавзӯи мубраму зарури рӯзгор аст.          Дар идомаи гуфторамон, хоҳед дарёфт, ки чӣ мавзӯест ва чӣ нозукию зарурат дорад. Ин мавзуъро унвон ниҳодем бо се ном. Нахуст «Асари Аср», дигар «Шоҳ ва Шоҳигарӣ» ва саввум «Интихоб ва ё Инқилоб»?                                 Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳамаи мамлакатҳои мухталифи рӯи олам ҳар як ширкати бонуфӯз, президенти худро дорад. Шурӯъ шуда аз президенти академияи улум, нафту газ, ассотсиатсияи футбол ва ғайраҳо.         Мафҳуми ширкат, ду ва ё зиёда шариконеанд, ки як соҳаи ҷамъиятиро дастаҷамъона ташкил мекунанду якеро перзидент интихоб менамоянд. Мафҳуми  «Президент» бошад, аз забони Инглисӣ гирифта, маънои «шахси комилу мукаммалро»-ро дорад, ки мардумон бо роҳи раъйпурсии ошкорову ниҳонӣ, ба худашон раису сарвар интихоб менамоянд. Презентатсия ҳам, аз ҳамин мафҳум гирифта шуда, маънои «санҷиши камолот»-ро дорад.

Дар олами ҳастиву шаҳодат ҳама чиз итихобӣ аст. Шурӯъ шуда аз  касбу кор, дӯсту  маҳбуб, дину мазҳаб ва ғайраҳо,ба ҷуз аз «Ҷон».                            «Ҷон» интихоби буда наметавонад.«ӯ» худ соҳибихтиёру фармонравост.    Он чуноне, ки «ҷон» дар мулки бадан ҳокиму фармонраво асту дигар узвҳо, ҳамчун ақлу хирад, чашму забон, дасту пой ва дигар аъзо, ходимону хидматгорони «Ҷон» — анд, «Шоҳ» низ дар мулки «Ватан»- ҳамчун «Ҷон» дар мулки бадан аст. «Ҷон ва Шоҳ» ҳарду як мафҳум буда, интихобӣ буда наметавонанд. Ин ҳарду бо ҳукми табииву Қазову қадар бо ягон сабаби таърихӣ ва ё табаддулот, аз олами «боло» ҳокиму фармонраво мегарданд, на интихобӣ.       Мисоли «тан» ба манзалаи як «мулк» аст. Чашму забон, дасту пой, ва дигар узвҳо, ходимону хидматгорони мулки бадананд. «Ҷон»  подшоҳи мулк асту «хирад» вазири ҷон. Чун «Ҷон» ба хирад ҳукм кунад, дарҳол тафаккур менамояд, чун ба  чашмҳо ҳукм кунад, ба тарафҳо назар намоянд, забонро ҳукм кунад, дарҳол сухан  бигӯяд, ба пойҳо ҳукм кунад, роҳ раванд ва амсоли инҳо.                 «Шоҳ»-и мулки баданро, яъне «Ҷон» -ро ба ҳамаи ин узвҳо эҳтиёҷ аст, то ки мамлакати  «тан»-ро идора намояд.                                                       Яъне «Шоҳ» дар мулки Ватан, ҳамчун «Ҷон»  дар мулки бадан аст, ва наметавонад, ки якеро бештару дигареро камтар дӯст дораду муҳофизат намояд. Дар китобҳои муқаддас амсоли Суҳуфу Таврот, Забуру Авасто омадааст, ки: «Ҳар як «Шоҳ» дар мулки худаш мақоми «нимихудоӣ»-ро дорад, ки Худо худ, дар олами ҷон аст, ҷисм нест. Одамон ғайри ихтиёр «Худо-ҷон» мегӯянд, ки ин ҳамон «Худо»-и «Ҷон» аст, «Рӯҳ» аст, «Равон» аст, ҷисм нест. Аз рӯи таълимоти ин китобҳо, Худованд одамиро дар рӯи Замин ҳамчун ҷойнишину валиаҳди худ офаридааст ва тамоми мавҷудоти рӯи замин, амсоли ҷимодоту набототу ҳайвонотро дар зери итоати одамӣ қарор додааст. Ва «Худо» худ подшоҳи рӯзи ахират аст, ки он шоҳигарӣ дар олами ҳастиву шаҳодат набуда, дар олами руҳониву ҷонӣ аст. Бузургони олам гуфтаанд, кӣ салоҳи мардумони гуногуннажод, дар китобҳои муқаддаси онҳо мебошад ва салоҳи олам, аз маърифатнокиву худогоҳии мардумони ҳамон мулку мамлакат вобастагӣ дорад. Аҷабо, Аврупо – хосса, Британияи Кабӣр тавонист, ки дар аксари давлатҳои мустақили рӯи олам тариқи Президентиро ҷорӣ намояду давлатдории худашон бошад, бо тариқи Шоҳигарӣ амал мекунад,  ҳол он, ки дар Аҳди қадим Бритониё, яке аз колонияҳои Рими қадим ба шумор мерафт.            2500 сол қабл мо Порсҳои қадим, Куруши Кабир доштем, ки нимҷазираи Арабистону Иерусалимро аз истисмори одам аз тарафи одам озод намуда буд. Ин башорат дар китоби Таврот дарҷ гардида аст. Мардумони бофарҳанги ин сарзамин то кунун аз Куруши Кабир сипосгузоранд.             Итихоби Президент дар ҳамаи давлатҳои мухталифи рӯи олам ҳамчун фиреби назар буда, дар асл инқилоби «сохта»-ву «сунъ»-ӣ эҷод намудан аст, ки тафриқаандозон, мардумонро ба гурӯҳҳои мухталиф, қисмат мекунанду миёни онҳо фитнаву шӯр меандозанд.  Эволютсияро мебояд худи табиат тағйир диҳад, на одамон. Эволютсияро Ре-Эволютсия намудан кори саҳлу андак нест.                 «Инқилоб» ҳам аз забони арабӣ гирифта шуда, маънои «Таҳаввулот», «чаппагардон кардан», «фитнаву шӯр андохтан»-ро дорад.          Дар бораи аз як дин ба дини дигар гузаронидани ҷамъият дар васфи паёмбари Ислом,Ҷалолиддини Балхӣ гуфтааст:

Ҳақ туро аз ҷиҳати фитнаву шӯр овардаст,

Фитнаву шӯру қиёмат накунӣ, пас чи кунӣ?

Дар ғамат булҳавасон мазҳабу дин гум карданд,

З-он сабаб, ки ҳасан андар, ҳасан андар, ҳасанӣ.

Ҳақ, худ Ҷон аст, Руҳ аст, Равон аст, ҷисм нест.                                       Шахсиятҳои бофарҳангу худогоҳро месазад аз худашон суол кунанд, кӣ чаро аксари давлатҳои рӯи олам бо тариқи Президентӣ амал мекунанду Инглистону Испониё, Шведсияву Белгиё ва бисёр давлатҳои муқтадири дигар бо тариқи шоҳигарӣ?                                                                                              Расо 67 сол аст, ки малика Элизаветтаи 95 сола подшоҳии Инглистонро ба уҳда дорад ва ин шоҳигарӣ ба ӯ аз бобокалонҳояш ба мерос мондааст. Идора намудани давлат ба ӯҳдаи «Сарвазир» аст, ки сарвазиру вазирон интихобианд ва мебояд интихобӣ бошанд, вале «Шоҳ» ҳокими «мутлақ» аст, чуноне, ки ҳакими Ганҷави гуфтааст:

Ба як тоҷвар тахт бошад баланд,

Чу афзун шавад, мулк ёбад газанд.

Яке тоҷвар беҳтар аз сад бувад,

Ки борон бисёр шуд, бад бувад.

Маликзодагонро барафрӯз чеҳр,

Ки то бо ту фирӯз гардад сипеҳр.

Ба мансабҳои «раёсат»-у «вазорат»-у «садорат»-ҳои соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ лоиқу сазовор будану арзандагии ҳар як раису вазирро хоҳ, маъориф бошад, хоҳ тибб ва ё адлияву молияву дигару дигар, кормандони ҳамон сохторҳо беҳтару хубтар медонанд, ки кадом шахсият ба он мансаби райёсату вазорату садорат «муносиб» аст. Мафҳуми калимаи «мансаб» низ, худ маънои «муносиб» буданро дорад, вале ҳукми интиҳоӣ, ҳавола ба «Шоҳ» аст, чуноне, ки бузургон гуфтаанд:

Сухани шоҳ, шоҳи ҳар сухан аст,                                                             

Дар ҳама ҳол пос бояд дошт.   

То нагардад нақизи ӯ зоҳир,         

Бояд онро ба лавҳи дил бинигошт.

ва ё дар ҷойи дигар:

 

Пайваста ду гӯш сӯи шаҳ бояд дошт,     

Фармони варо чашм ба раҳ бояд дошт.

 

Ҳалол бод ба давлатҳое, ки фирефтаи фитнаангезону тафриқаандозон нагашта, бе инқилоби сохтаву бе фитнаву шӯр, бо тариқи шоҳигарӣ, зиндагии орому осоишта ба сар мебаранд. Мафҳуми вожаи «зиндагӣ», худ болои «Зин»  будану давру даврон рондан аст ва одамӣро барои болои «Зин» будан ба дастгирии ҳамдигар эҳтиёҷ доранд. Чун умр, ки худ маънои «омор»-ро дорад ба поён расаду «ҷон» ба ҷои аввалааш баргардад, колбади одамиро ҳаволаи «мур» месозанд. Барои ҳамин ҳам муқобилмаънои калимаи «зинда», «мурда» мебошад.

Аз тариқи воситатаҳои ахбори умум медонем, ки дар Амрико  инқилоби сохтаву сунъӣ сар задаасту 48 % дар сади шаҳрвандон ба тарафдории Доналд Трамп рой доданду 47% дар сади шаҳрвандон ба тарафдории Ҳиллари Клинтон, ки ин зиддият миёни мардумони ин давлат солҳои тӯлонӣ идома хоҳад ёфт.

Кам нестанд оилаҳое, ки мард ба тарафдории Доналд Трамп рой додаасту зан ба тарафдории Ҳиллари Клинтон, ки дар миёни оилаҳо муноқиша сар зада, миллионҳо зану шавҳар аз ҳамдигар ҷудо гаштаанд. Тамоми мардумони рӯи олам инқилоби сохтаву сунъиро дар маъракаи интихоботии президентии Амрико, ба хубӣ эҳсос намуданд, ки аз ин аҳолии 300- милионнафара наздики нисфи мардумони ин кишвар мухолифи Доналд Трамп мебошанд. Табиист, ки ин раванди интихобот ба рушду нумӯи давлату ҷамъият таъсири бад мерасонад. Сиёсат, аз тиҷорат фарқ дорад ва ҳамагон шоҳиди онем, ки президентҳои аксари давлатҳои рӯи олам, хоса Амрикою Фаронсаву Бразилиёву дигару дигар, новобаста аз илму маърифату лоиқу сазовор буданашон, аз бизнесменҳою миллиардерҳо интихоб мегарданд, ки ин бисёр кори ғалат аст.                  Балки сенаторҳои ин давлатҳо бо тариқи сармоягузорӣ ва маблағҳои хеле зиёд ба мансабҳои сенаторӣ соҳиб мегарданд.  Сиёсату раёсати давлатдориро мебояд бо тиҷорат ҳеҷ алоқамандие надошта бошад.

Итихоби Президент дар ҳамаи давлатҳои рӯи олам фиреби назар буда, мардумони ҷоҳталабу мансабталабро ба гуруҳои мухталиф ҷудо намудану бо зумраи тарафдоронашон байни онҳо нифоқ андохтан аст. Мардумони кишварҳои президентдошта аз кашмакашиҳо дилгир шуда, новобаста аз лоиқу сазовор будану набуданашон, президентҳои мамлакаташоро бе интихобот ба навбати дуюм иҷозаи раҳбарӣ намудани давлатро медиҳанд. Таърих гувоҳ аст, ки тамоми президентҳои давлатҳои рӯи олам гурӯҳ, даста  ва ё ба истилоҳ, командаҳои худро доранд, ки ин муомилот ба тараққиёту пешравии давлату ҷамъият халали ҷидди ворид месозад. Дар баёни ин муомилоти одамон мутафаккири намоён, Ҳусайн Воизи Қошифӣ маҷозан гуфтааст:

Ин дағал дӯстон, ки мебинӣ,

Магасонанд, гирди ширинӣ.

То хутоме, ки ҳаст, менӯшанд,

Ҳамчу занбӯр бар ту дар ҷӯшанд.

Расад рӯзе, ки деҳ хароб шавад,

Кисса чун косаи рубоб шавад,

Тарки ёрӣ кунанду дилдорӣ,

Дӯсти худ набуд пиндори…            

Вале Шоҳ дар мулки Ватан, ҳамчун Ҷон дар мулки бадан буда, тамоми мадумони кишварро якзайл дӯст медорад ва мардумонро аз ҳар гуна офату бало баробар муҳофизат мекунад.

Дар ҳар як мулку мамлакат «Шоҳ», ба манзалаи «руҳу равону ҷон» аст ва Парлумону вазоратҳо ба манзалаи ақлу хираданд. Дигар сохторҳои ҷамъиятӣ, ба манзалаи иҷокунандагону коргаронанд, чуноне, ки Фирдавсии Ҳакӣм гуфтааст:

Ҷаҳон чун тану Шаҳриёрон саранд,

         Азеро эшон бар сарон афсаранд.

         Бувад дину Шоҳӣ чу тан бо равон,

         Б-ад ин ҳардувон пойдорад ҷаҳон.

         Ҳар он гаҳ, ки шуд тахт бе тоҷдор,

         Хирадмандиву дин наояд ба кор.

Шоҳро мебояд бо машварати ақлу хирад, яъне олимону мутафаккирону вазирони хирадманд, тарзу усули давлатдориро пеш барад.

(Идома дорад)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *