Ба  Кобул меҳмон шудан осон нест

 Дар натиҷаи ҳамла ба меҳмонхонаи Интерконтинентал дар маркази Кобул 14 хориҷӣ ва 4 афғон кушта шудаанд.

Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст , ки 11 кушташуда кормандони ширкати ҳавопаймоии хусусии Комэйр буданд, ки дар як конфронс ширкат доштанд. Дар бораи ҳуввияти хориҷиёни кушташуда ҳанӯз хабаре нарасидааст, аммо мақомоти Украина гуфтанд, ки як шаҳрванди кишвар дар байни қурбониён ҳаст. Гузориш мерасад, ки мумкин аст  теъдоди қурбониён бештар шавад.Аз ин пештар гуфта мешуд, ки дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи афроди мусаллаҳ ба меҳмонхонаи боҳашамат дар Кобул 5 ғайринизомӣ кушта шуданд.Афроди мусаллаҳ шоми 20-уми январ ба меҳмонхонаи Интерконтинентал ворид шудаанд ва чанд нафарро гаравгон гирифтаанд ва задухӯрд бо онҳо 12 соат то субҳи 21-уми январ идома кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *