“Се духтаракон будем…”

Рӯзи 20-уми январ як ҷавонзани тоҷик дар вилояти Хатлон сегоник ба дунё овард ва модараш мегӯяд, ки ҳамаи навзодон сиҳату саломат ҳастанд.

Парвина Усмонова, сокини деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, модари духтарони сегоник гуфтааст, ки тифлонашро бомдоди 20-уми январ дар шифохонаи марказии ноҳия ба дунё овард ва ҳоло ҳарсе зери назари табибон қарор доранд.

“Таваллуд бе мушкилӣ гузашт. Ҳамааш хуб буд, бе душворӣ гузарондам. Ҳоло кӯдаконро се чаҳор нафар нигоҳубин доранд.”

Табибон ба модари навзодон гуфтаанд, ки яке аз духтарон 2 килову 300 грам вазн дорад ва ду навзоди дигар 1 килову 300 граммӣ вазн доштаанд. Айни замон ҳарсеро дар инкубатор нигаҳ дошта мешаванд ва мумкин аст, барои муддате дар шифохона бимонанд. Парвина Усмонова афзуд, аз пеш медонист, ки соҳиби сегоник мешавад.

“Моҳи саввум ё чаҳорум буд, ки барои ташхис ба шифохона рафтам, гуфтанд, ки сето ҳастанд. Медонистам, ки сето ҳастанд. Шаш ҳафт бор дида будамашон.

Ҳоло барои навзодон ном интихоб накардаанд. Парвина Усмонова, сокини ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аст. Айни замон ҷое кор намекунад. Шавҳараш Зикриё Усмонов, гоҳ-гоҳе барои кор ба Русия меравад ва имсол баргаштааст ва дар канори ҳамсараш мебошад. Бо таваллуди сегоник, Парвинаву Зикриё соҳиби 5 духтар шуданд.Духтарони калонии ин ҷуфт, 9 ва 6 сола будаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *