Ба «маршировка» рафтед? 9 моҳ аз автобусу троллейбус бепул истифода кунед!

Донишҷӯёне, ки ба “маршировка” рафтаанд, 9 моҳ аз автобусу троллейбусҳои пойтахт бепул истифода мебаранд.

Бар пояи як қарори шаҳрдории Душанбе донишҷӯёне, ки дар Намоиши ҷашнӣ бахшида ба 25-умин солгарди истиқлоли давлатӣ иштирок кардаанд, аз ҳисоби буҷаи шаҳр чиптаҳои истифодаи бемузд мегиранд.
Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ин қарор 19 сентябр дар ҷаласаи шаҳрдорӣ содир шудааст. Ба гуфтаи ӯ, тавассути чиптаҳои мазкур донишҷӯён давоми 9 моҳ метавонанд аз “нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии коммуналӣ – автобус ва троллейбус” истифода намоянд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин ҷаласа ҳамчунин ба ҳар нафаре, ки дар баргузории Намоиши ҷашнӣ саҳм гузоштааст, изҳори сипос кардааст. Дар ин зимн, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо таъкиди нақш ва масъулияти беназири аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози баргузории Намоиши ҷашнӣ, ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр нисбати касбияташон оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар баргузории чорабиниҳои оммавӣ изҳори сипос карда, фаъолияти дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ анҷомдодаи ректорони донишгоҳҳои олӣ ва директорони коллеҷҳои дар пойтахт фаъолияткунандаро дар роҳи таъмини иштироки донишҷӯён ва дар ин равобит бо ғамхориҳо фаро гирифтани ҳар кадоми онҳоро шоистаи таҳсин маънидод кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *