Фаъолияти 24 корхона дар МОИ Суғд

Дар давоми 8 моҳи соли 2016 аз ҷониби субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии Суғд (МОИ) ба маблағи 47722,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот, савдо ва корҳои хизматрасонӣ ба иҷро расонида шудаанд.

Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, аз оғози сол то инҷониб аз ҷониби 7 корхонаи калони истеҳсолии ин минтақа ба маблағи 35911,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатии ҶДММ «Реал» ба маблағи 7084,3 ҳазор сомонӣ, КМ «Стар Пласт» — 8126,6 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Равзана Пластик» — 279,7 ҳазор сомонӣ, ҶДММ КМ ТТ «Тоҷпроф» -14458,4 ҳазор сомонӣ, ҶДММ КМ «Силкоат Бойя» -9740,9 ҳазор сомонӣ, ҶДММ КФ «Фартуна Ко» — 3508,8 ҳазор сомонӣ, ҶДММ ШИИ «Сомон Энержи» — 4,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Ҳамчунин дар ин давра коргоҳҳои истеҳсолии ҶДММ «Кристал мозаик» ба маблағи 2822,0 ҳазор сомонӣ ва ҶДММ «Эсхата Суғд Савдо» — 839,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот ба фурўш баровардаанд.
Минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, масоҳати он 320 гектарро ташкил медиҳад. Ҳоло дар он 24 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 3 субъекти он корхонаҳои муштарак мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *