Ба ҷодугар бовар макун, гумроҳ мешавӣ

     Парешонхотиру машғули фикр роҳ мерафтам, ки зани миёнасоле аз наздам баромад.

«Додарҷон шуморо мумкин?» гӯён таваҷҷуҳамро ба худаш ҷалб кард ва баъдан сар кард:

— Ба ман нигоҳ! Руҳафтодаву афгор метобӣ. Корат бебарор аст. Маълум, ки бачаи хубӣ, лекин душманонат бисёранд. Туро бисёр ҷодугарӣ мекунанд.

Якуякбора ҳайрон шудам. Ростӣ дар тааҷҷуб мондам. 5-10 дақиқаи вақтамро гирифт, аммо як суханҳое гуфт, ки дар тарозуи ақлам намеғунҷад. Ин ҳама «проблема» доштанамро худам якум бор фаҳмидам. Аз ҳама аҷибаш ин буд, ки дар синни 23 солагӣ наход ман ин қадар душмани зиёд дошта бошам?!  Хулоса, баъдан маълумам гашт, ки ин зан фолбин, ё ба гуфти худаш «ҷодубарор» будааст. Хост маро ба «табобаташ» фаро гирад, албатта ки ройгон не. Хушбахтона, телефонам занг заду бо ҳамин баҳона аз вай халос ёфтам. Вале, баъдтар ин масъалаи барои аҳли ҷамъият бисёр заруру муҳимро, ки ба яке аз проблемаҳои асосии ҷомеаи имрӯза табдил ёфтааст, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор додам.

Ҳамаи мо борҳо дар суҳбатҳои занону ҳамсоягон дар бораи фолбину ҷодугарҳо, хизматрасониҳо, нарх ва таърифу танқиди онҳо шунидаем. Ҷои шубҳа нест, ки бештар занон ва ҳатто ҷавондухтарон ба ин кор майлу рағбат доранд. Лекин сафи мардон низ дар қатори мизоҷони чунин ашхос кам набудааст, ки оиди он дар поён возеҳтар шарҳ медиҳам.

Аслан, илми ҷоду, илми «Кашмир» ва даҳҳои дигар вуҷуд доштааст дар олами соҳирӣ. Дар русҳо ба истилоҳ «чёрная магия» ва «белая магия» мегӯянд, ки ҳар яке боз чандин намудҳо ва хусусиятҳои хоси худро доранд. Агар ба таърихи ин падидаи хурофотӣ назар афканем, маълум мешавад, ки сеҳру ҷоду аз замонҳои хеле қадим дар байни одамони ҳамон вақта низ вуҷуд доштааст. Чаро  ки Худованд достони қавми Фиръавн ва дигаронро оиди соҳирӣ дар Қуръон зикр намудааст. Тибқи сарчашмаҳо сеҳру ҷоду чун илми қадима аз насл ба насл мегузарад. Соҳириву ҷодугарӣ, расму русум, оину анъана ва дигар рамзҳои ба он алоқаманд, мутаассифона, то ба имрӯз ҳам омада расидаанд. Дар асри 21 бошад соҳирӣ воситае шудааст, ки баъзеҳо аз он баҳри несту нобуд кардан ё шикастани қомати рақиб, ва ё баръакс барои ҳимояи худ аз таъсироти бегона, инчунин барои зарар расонидан ба як нафари дигар, барои бадӣ, қасдгирӣ ва дигар мақсадҳои нопоку нодуруст ва ғайриинсонӣ истифода мебаранд. Ба зеҳни баъзе одамон чунин амалҳо ончунон ҷойгир шуда будааст, ки дар ҳар як кору фаъолияти хеш аз он истифода мебурдаанд. Оё аҷиб нест?!

Бояд эътироф намуд, ки ба зеҳну тафаккури омма ҷо шудани амалҳои ба фолбинӣ ва соҳирӣ алоқаманд ба мафкура ва ахлоқи аҳли ҷомеа хатарзо  буда, боиси ба вуҷуд омадани ҳар гуна низоъ, иғво ва ихтилофҳо миёни шаҳрвандон шуда метавонанд. Ҷодуву ҷодугарӣ хурофоти ошкорост, ки тафаккури занон ва ҳатто баъзе мардони кавиродаро ба расвоӣ ва гумроҳӣ мебарад.

Соҳирӣ  (ҷодугарӣ, афсунгарӣ, фатонат, найрангбозӣ)       ва машғул шудан бо он амале мебошад, ки ҷодугар онро чун касб истифода карда, изҳор мекунад, ки гӯё бо қувваҳои фавқултабиӣ (руҳу арвоҳон, ҷинҳо ва ғайра) робита ва аз олами ғайб огаҳӣ дорад.

Аллома Ибни Қудома ҷодуро чунин таъриф медиҳад: «Ҷоду иборат аст аз тилисм ва таъвизоти шайтонӣ (ғайри қуръонӣ), ки бо калимоти ғарибу алфози рамзӣ ва бемаъно байни ҷодугарон ва шаётин мутадовил аст».

Ривоятҳо оиди сеҳру ҷоду ва намояндагони ин «касби сердаромад»-ро дар нигоштаҳои таърихии Юнон ва Рими Қадим низ вохӯрдан мумкин аст. Аз нигоҳи таълимоти христианӣ бошад соҳирӣ дар сурате ба вуқӯъ меояд, агар бо қувваҳои нопок ва бо истифода аз хислатҳои шахсии «руҳи гурусна» — ранҷиш, бухлу ҳасад ва қасд анҷом дода шуда бошад.

Дар асрҳои миёна ҷодугарӣ ва ҷодугаронро бо олами шаётин алоқаманд ва дур аз Худо медонистанд. Дар кишварҳои христианӣ барои соҳирӣ шахсро таъқиб намуда, ҳатто қатл мекарданд. Дар Аврупои Ғарбӣ бошад, асрҳои 13-18 соҳирӣ чун воситаи дар робита будан бо қувваҳои фавқултабиии бадӣ ҳисобида шуда, машғул шудан бо он амали бениҳоят хатарнок буд. Соҳиронро барои муносибат бо ҷину шайтонҳо айбдор карда ва ҷодугариро сабаби бадбахтиву камбағалӣ медонистанд ва нисбати ҷодугарон «сайд» мекарданд. Дар замони мо чи гуна бошад? Месанҷем.

Бо таҳлили масъалаи мазкур, ман ҳам хостам ба «сайд» бароям. Мақоли хеле хуб дорем «Ҷӯянда, ёбанда аст». Ман ҳам ҷустам ва ростӣ, тавассути баъзе аз шиносҳо дар бораи соҳирони асри 21, ки ягон нафараш худро аслан ҷодугар намеҳисобад, маълумот пайдо кардам. Баъдан, ба сифати «мизоҷ» муроҷиат намуда, бо онҳо ҳамсуҳбат шудам. Аксарияти онҳо умуман парвои «беморӣ»-и ман надошта, балки рӯякӣ муносибат мекарданд. Бештар ба ман суол дода, мехостанд маълумотро аз худам бигиранд. Дар бештари тумору таштобҳояшон бошад калимаи «бисмиллоҳ» навишта нашудааст. Ҳатто як нафараш рӯйрост дар бораи хароҷот (яъне маблағ) гушзад мекард. Аз ҳама асос, ягон нафарашон он чиро, ки ман шунидан мехостам, гуфта натавонистанд. Вақте ба чашмони яке аз онҳо бодиққат ва ҷиддӣ нигоҳ кардам, ӯ худашро гум карда, суханонаш ба ҳар тараф мерафт. Ростӣ, онҳо аз сӯзан, муй, обу испанд, хок, сурату ришта, ашёҳои гуногун ва маводҳои хӯрока (барои хӯрондан) бештар истифода мебурдаанд. Лекин, боиси таассуф аст, ки дар паси дари онҳо ҷавондухтарон, занони миёнасол ва ҳам мардони «боирода» навбат меистоданд. Ҳайронам, ки чаро?!

Инҷо истисно карданӣ нестам он нафаронеро, ки фол надиданд, пешгӯӣ накарданд, хулоса ягон амали хилофи дину қонун накарда, танҳо аз ояти Қуръон истифода бурда, оиди маблағ ва дигар ғаразҳои шахсиашон ҳарфе нагуфтанд. Ва ҳам хислат, рафтору гуфторашон боадабона буд. Чунин шахсон бо соҳирону фолбинҳо ягон алоқамандӣ ё монандӣ надоранд ва метавон гуфт, ки онҳо ҷодугар набуданд.

Хонандаи гиромӣ, ҳатто бо чунин ҳолате вохӯрдам, ки баъзе шахсони мансабдор (мардону занон) ва хизматчиёни ҳарбии олирутба бо мақсади гирифтани вазифа, баланд бурдани мақом, худро бо роҳбар наздик намудан, ниҳон сохтани амалҳои ғайриқонунӣ ва ба қавли мардум «зунукбандон» кардани роҳбарият аз хизмати хирсонаи соҳирон васеъ истифода намуда, фармудаҳои ононро бо ҷону дил иҷро мекунанд. Баъзе аз шахсони мансабдор ҳатто ҷодугари шахсии худро доштаанд.

Дар маркази шаҳри Душанбе бошад, канори боғи Ҷавонон низ лӯълизане бо туттии худ ва дар даст «як дарза» коғазчаҳои баста озодона фаъолият мекард. Ба ивази як-ду сомонӣ туттии вай коғазчаеро нул зада мегирифт, ки дар он ба қавле ояндаи шахс пешгӯӣ шудааст. Ман ҳам натиҷаи кори ӯро ҳам санҷидан хостам. Туттича варақчаеро гирифт ва чун онро хондам, ҷумлае навишта шуда буд, ки тамоман аз ҳақиқат дур аст. Мавҷудияти ин гуна омилҳо агар аз як тараф хандаовар бошад, аз тарафи дигар боиси ташвишу нигаронист. Ҳамин тавр не?

Дар баъзе шабакаҳои телевизионии хориҷӣ бошад амалҳои фолбину ҷодугарҳо ва экстрасенсҳо ба таври ошкору васеъ таблиғ шуда истода, ВАО-ро чун воситаи пешбарандаи «тиҷорат»-и худ истифода мебаранд. Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ кам нестанд чунин ашхоси «профессионал», ки хизматрасониҳои худро ба «мизоҷон», аз қабили кушоиши кор, бартараф кардани ҷоду, дур кардани балову хатар, бахткушоӣ, гармиву хунукӣ, ҷудоӣ ё акси он, саломатӣ ва даҳҳои дигар пешниҳод карда, ба қавле худро табиби кулли дард ва бартарафсозандаи ҳама мушкилиҳо нишон медиҳанд. Албатта, ки дар воқеъ чунин нестанд!  Мақсади асосии онҳо бо ин роҳ ба даст овардани даромади муфт ва фоидаи калон аз ҳисоби шахсони зудбовар, содда, хаёлӣ ва ҳам ашхоси баду нохалаф мебошад. Боре як экстрасенс Э.Д. худро тавассути телевизион ончунон тавсиф дошт, ки «…ҳама намуди хизматрасониҳоро ройгон ба хоҳишмандон мерасонам. Фақат ба ҳамин рақам занг зада, хоҳиши худ ё дархостатонро баён кунед…». Аммо вақте ки ба ӯ занг задем; 1) телефонро худаш нагирифт;  2)  ҳанӯз ягон корро накарда, ба маблағи 200 доллари ИМА талаб карданд, ки тариқи бонк ирсол намоем. Бале, кор айнан ҳамин хел шуд. Ҳамин аст магар хизмати ройгон?

«Мутахассисон»-и сомонаҳои интернетӣ низ чунинанд, баъди шиносоӣ дарҳол реквизитҳои бонкиро ирсол карда, маблағ талаб мекунанд. Аз ин бармеояд, ки ҳамаи онҳо ҷузъ қаллобу найрангбоз касе нестанд, бо ҳиссиёти одамон бозӣ мекунанд ва он чиро, ки мегӯянд маълумоте ҳаст, ки аз худи мову шумо гирифта шудааст. Онҳо маълумотро тавре аз шумо мегиранд, ки худатон бехабар мемонед.

Дар Тоҷикистон тайи солҳои охир бар зидди ин омилҳо тадбирҳои саривақтӣ андешида, муборизаҳои беамон бурда, хушбахтона то ҳадди назаррас аз фолбиниву ҷодугарӣ ва намояндагони онҳо ҷилавгирӣ карда шуд. Вале мутассифона, ҳанӯз ҳам зиёданд чунин «табибони мардумӣ», ки бо ҳар роҳу воситаҳои пинҳонӣ ба мизоҷони «содиқ»-и худ бар ивази маблағу молу амвол хизматрасонии худро мерасонанд. Онҳо худро табиби халқӣ, ё ба таври маъмулӣ мулло ном мебаранд. Валекин байни мулло ва ҷодугар фарқи хеле калон меистад. Бо ин мақолла ба иззати нафси уламои дин расиданӣ нестам, чунки ин гуфтаҳо ба онон тамоман дахл надорад. Ман шахсеро, ки бо фолбиниву соҳирӣ машғул аст, умуман мулло намеҳисобам. Онҳо ҷодугаранд! Инро хуб бояд дар хотир нигоҳ дошт. Мулло (ё домулло) намояндаи дин, аҳли илм ва шахси намунавии ҷомеа аст, ки ҳаёту рӯзгори худро бо ризқи ҳалол ва амалу рафтори накӯ сипарӣ карда, аз амалҳои ғайриқонунӣ дур буда, шахсест, ки дигар нафаронро ба роҳи рост даъват менамояд. На ин ки зери ниқоби мулло худро пинҳон карда, ба амалҳои разилонаву палидона даст зада, аз боварии мардум суйистифода мекунад. Ҳатто баъзе нафаронашон то он ҳадде Худонотарсанд, ки дар вақти хилват ба мизоҷони худ дастдарозӣ мекунанд. Исботи онро мо дар наворҳои телевизионӣ чанд соли пеш дида будем.

Ба андешаи А.А. Гумшодзиҳӣ тилисмҳову таъвизоти ботил, аксу рамзҳо ва ҳар хел дуду дамҳо, дар ҳақиқат аз худ ҳеҷ таъсире надоранд, балки куфриёту ширкиёт ва таълиқоташон бо шаётин боис мешавад, ки Худованд ба сурати имтиҳону озмоиш баъзе ихтиёротро ба онҳо бидиҳад, то битавонанд ба изни Худованд, қазову қадар ба баъзе аз бандагонаш зарар бирасонанд. Исботи ин гуфтаҳоро мо дар ояти 102-и сураи «Бақара»-и Қуръон дарёфтем: «…Ва онҳо бо он (сеҳр) ба ҳеҷ кас зиёнрасонанда нестанд, магар ба иродаи Худо…».

Тибқи шариати исломӣ ҳар кас илми нофеъро тарк кунад, ба ботил гирифтор мешавад ва ҳар кас ҳақро бидонаду бар он амал накунад, низ ба роҳи ботил ва азоби Худованд гирифтор мегардад. «…Пас, вақте ки каҷравӣ карданд, Худо дилҳояшонро каҷ сохт. Худо қавми бадкоронро роҳ наменамояд» (сураи «Саф», ояти 5).

Фолбину соҳиру ҷодугарҳо ҳама қавми бадкоранд. Ҷоду бошад яке аз домҳои куфру ширк  ва нопок аст, ки ҳар шахси ба он боваркунандаро ба доми худ афтонда, шаъну эътибори шахсро дар ҷомеа коста мегардонад.

Дар сурати ниёз ба давои динӣ бошад (масалан ҳангоми бемориҳои руҳӣ) танҳо ба он шахсоне муроҷиат намудан лозим аст, ки дар воқеъ уламои дин, инсони поксиришту наҷиб, ростқавлу боинсоф, хайрандеш ва беғараз бошанд. Аз ҳама асос, ин корҳо ҳамааш бояд дар доираи қонун сурат бигиранд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ояти 82-юми сураи «Исро»-и Қуръони Шариф Худованд фармудааст: «Ва мо фуруд меоварем аз Қуръон он чиро, ки барои муъминон шифо ва раҳмат аст…». Ҳамзамон, Пайғамбари Худо Муҳаммад (с) гуфтааст: «Қуръон беҳтарин даво аст».

Аз ин бармеояд, ки олимони воқеии динӣ танҳо аз оятҳои Қуръон истифода бурда, бо ҳар гуна ашёву рамзҳо иртибот надоранд. Аммо ин, на ба он маъност, ки моро аз истифодаи давову дору манъ карда бошанд. Ҷиҳати муолиҷаи бемориҳо аз тибби муосир, дорувориҳои мубоҳи тиббиву табиӣ низ истифода бояд кард. Инҷо сухан дар бораи хурофоти ошкорои ҷомеа меравад, ки агар пешгирӣ нагардад, психикаи бисёре аз одамонро вайрон сохта, то ҷое гумроҳ мекунад.

Пӯшида нест, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо бемориҳои руҳӣ, ширк, рафъкунии сеҳру ҷоду, фолбинӣ, инчунин муносибати маҳрамона тавассути сеҳр, кушоиши кор ва дигар хурофот оммавӣ гардида, аз ин боварҳои ғалати одамон шахсони манфиатдори найрангбоз суйистифода карда, имону амволи одамонро ба яғмо мебаранд. Бо ин мардумро дучори шакку тардид карда, онҳоро ба роҳи каҷ ва хилофи шаръ ҳавола медиҳанд.

Аз нигоҳи дини мубини Ислом (чун аксарияти мо пайрави ин динем) фолбиниву сеҳр, ҷодую ширк ва рафтан назди шахсони ба ин кор машғулбуда гуноҳ ва ҷинояти азим мебошад. Барои ҳамин, ҳам мардон ва ҳам занон аз рафтан ба назди чунин афроди маккору қаллоб ва амал кардан ба гуфтаи онҳо ҷиддан худдорӣ намоянд.

Боиси қайд аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 барои соҳирӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва аз соли 2015 бошад барои русумоти ҷодугарӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардидааст. Аммо то ҳол сафи соҳирону фолбинҳо ва мизоҷонашон дар кишвар хеле зиёд буда, онҳо аз қонун натарсида, тиҷорати худро бо ҳар роҳу восита ривоҷу равнақ дода истодаанд. Яке аз сабабҳои асосии боварии аҳолӣ ба фолбину соҳирон  сатҳи пасти шуурнокӣ, камсаводӣ, орзуҳои ботил ва ҷаҳонбинии танг доштани баъзе аз мо мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, баҳри қотеъона мубориза бурдан бо фолбину, ҷодугариву ҷодугарҳо мувофиқи қонунгузории ҷорӣ нақша-чорабиниҳои фаврӣ тартиб дода, қарорҳои дахлдор қабул карда, корро дар ин самт боз ҳам пурзӯр намудан зарур аст. То ин ки фазои ободу осудаи Тоҷикистони азиз бо ҳар гуна ихтилофу хурофот ва сафсатаву найранги ҳиллагарон гардолуд нагардад.

Муҳимтар аз ҳама, инро бояд донист ва эътироф намуд, ки

Илми ғайбро кас намедонад, ба ҷузъ Парвардигор,

Ҳар кӣ гӯяд ман бидонам, ту бар ӯ бовар мадор.

Манучеҳр  Ҳамидов, ҳуқуқшинос  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *