Бито Малакутӣ – Лондон – Эрон

Марз   

Ману ту аз марз гузаштем,

Шаҳри ман аз маҳдудаи дастҳои ту оғоз мешавад.

Шаҳри ту аз инҳинои китфи ман,

Ману ту ватан надорем.

Ду аспи чӯби дорем ва аз рӯй кобӯсҳо мепарем,

Бе гузарнома.

Гузарномаат,

Ҳамон киштзорҳои офтобгардон аст,

Ки аз пушти панҷараи қатор ба сӯят мечархиданд.

Гузарномаат ду варақ озодӣ аст,

Ва барге аз баҳори Прага.

Шиносномаат,

Гулҳои насрин.

Овозҳои хонагии кӯчаи ахтар,

Ва як пойи рӯйи мин мондаи писар ҳамсоя.

Шиносномаат,

Абрҳои мунтазир аст.

Ва бӯйи ширини лимуҳои химиявишуда,

Баргаи убур надорӣ,

Аммо ҳар шаб,

Лолоӣ мехонад бароят моҳ.

Аз гулӯи кӯлиҳои даврагард,

Ва ҳар субҳ,

Падар як дарахт мекашад,

Рӯйи пешониат.

Ҳар бор гиря кунӣ,

Баргҳо мерезанд замин.

Ва мепӯшонанд гулӯлаҳоро,

Писарам, шаҳри ту ибтидои бод аст.

Теҳрон,

Танҳо тарҳи порчаи пероҳанӣ аст,

Идҳо бар танам.

Дар иваз канори мост,

Гӯри  Кофко,

Сол, ки таҳвил шавад,

Ҳусни Юсуфҳоро мебарем.

Хешованде нест,

Чехов аммо меояд,

Он вақт ба номат мекунад ҳар чӣ боғи олуболуст.

Як рӯз Еленоат мешавам,

Ва фардояш Нино.

Аслан ҳамон духтари гурҷӣ мешавам,

Ки бароият,

Рӯйи рӯди Арас роҳ меравад.

***

Еревани маҳзун

Мани танҳо,

Як Арарат бо ту фосила дорам.

Як Арас,

Як ҷода, ки аз даҳонам оғоз мешавад.

Як дашти ёғӣ,

Як рӯди хомӯш,

Мани танҳо як шаби озодӣ бо ту фосила дорам.

Як охируззамон,

Як Таҳмина.

Тани бешарм,

Аспи  тозанафас,

Марге ҷомонда рӯйи сақф,

Ман танҳо як «гоми муаллақи лаклак» бо ту фосила дорам.

Як абри бозигӯш,

Як хатти гумшуда,

Як қаиқ.

Домане дар бод,

Рақси фаромӯшшуда.

Як гарданаи ҳайронӣ,

Як исобат,

Як гулӯла,

Як рӯъё.

Ва каме марзи ба интиҳо расида,

Ва каме хун.

Ту истодаи то чашм,

То хонаам,

Ман як гумномӣ бо ту фосила дорам.

بیتا ملکوتی – لندن — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *