Баҳор Саид – Амрико — Афғонистон
Чаро «мо» нашавем?
Ҳаммеҳанам зи чист, ки ҳамто намешавем,
Ҳам боғу ҳам баҳору ҳамово намешавем.
Аз ҳар гиреҳ, табору забоне ба як чаман,
Гулҳои гуна-гунаи зебо намешавем.
Меҳан фароху гулшани густарда доманаш,
Аз чашми танги мост агар ҷо намешавем.
Рӯзе, ки дасти худ бигзорӣ ба дасти ман,
Дар гӯшаҳои тафриқа танҳо намешавем.
Ин паҳна модари ҳамаи мост, аз чӣ рӯ,
Ҳамдоманони меҳру мадоро намешавем.
Имрӯза гар бузургии мо душмании мост,
Мо дӯстони кӯдаки фардо намешавем.
Ҳарчӣ баҳори ахши суман буда, ҳеҷ гаҳ,
Пойизи лолаҳои дигарҳо намешавем.
Эй ҳамдиёри ман, ки маннам ҳамдиёри ту,?
Пас аз куҷо, чигуна, чаро «мо» намешавем?
***
Парда
Сияҳ чодар маро пинҳон надорад,
Намои рӯ маро урён надорад.
Чу хуршедам, зи пушти парда тобам,
Сиёҳиҳо намегардад ниқобам.
Намеозад маро дар парда пинҳон,
Гар обид худ набошад сустимон.
Ту к-аз шаҳри тариқатҳо биёӣ,
Ба мӯйи ман чаро раҳ гум намоӣ?
Нахоҳам носеҳи ворунакорам,
Ки пойи «заъф»-и ту «ман» сар гузорам.
Кай инсофе дар ин ҳимат бубинам,
Гунаҳ за туву ман дӯзах нишинам.
Ба ҷойи рӯи ман, эй маслиҳатсоз,
Ба рӯйи заъфи нафсат парда андоз.
***
Сияҳсар
Зи поям бигсалам завлонаҳоро,
Ки дарде мекашад дар ман забона.
Зи тоқатсӯзии дардам бисӯзад,
Таҳаммулҳову сабри ҷоҳилона.
Дареғу дод то гуфтам, ки ҳастам,
Наворо аз забони ман гусастанд.
Чу фарёде задам аз дасти золим,
Заданд мушту даҳонамро шикастанд.
Задам гоме, ки то худро намоям,
Ба кунҷи хона зиндонам намуданд.
Фиканданд бар сари ман тира чодар,
«Сияҳсар» гуфта пинҳонам намуданд.
Гирифтанд то маро аз ихтиёрам,
Дигар худро ба ҷойи худ надидам.
«Заиф»-у «оҷиз»-у ё «ноқис-ул-ақл»,
Лақаб доданду гумномӣ кашидам.
Гурезонам дигар аз гӯшагирӣ,
Қафасҳо кай «таҳаммулхона» гардад?
Чунон баҳри раҳоӣ мӯшт кӯбам,
Ки «зӯробода»-ҳо вайрона гардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ