Пешниҳоде доред? Ба шаҳрдори Душанбе нависед

Мақомоти шаҳрдории Душанбе сокинони фаъолу ташаббускори пойтахт, намояндагони илм ва тиҷоратро ба иштирок дар таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 даъват мекунад.

Тавре ки дар ин бора дар сомонаи шаҳрдорӣ  омадааст, дар асоси қарори раиси пойтахт аз 5 апрел таҳияи барномаи зикршуда аз ҷониби гурӯҳи корӣ оғоз гардидааст.

«Аз ин лиҳоз бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва  таклифҳои созандаи сокинони шаҳр ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид ҷиҳати бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешниҳодҳои созанда ва креативии сокинони шаҳрро ба Гурӯҳи корӣ тариқи почтаи электронии [email protected]  ё бо телефони 987 — 96 — 00 — 00 хоҳиш менамоем», — омадааст дар маълумот.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *