14 қоидаи муоширати мард бо зан

Имрӯз дар кӯчаҳо тез-тез мардонеро вохӯрдан мумкин аст, ки одитарин қоидаҳои одоби муошират бо занро намедонанд.

Аксарияти ин мардон сурати зебо ва имкониятҳои хуби иқтисодӣ дошта бошанд ҳам, занону духтарони бомаданият маҳз бо сабаби қоидаҳои одоби муоширатро риоя накарданашон аз ин тоифаи мардон ҳазар мекунанд.

Мехоҳед дар назари бонувон ҷентелмени ҳақиқӣ намоед?

Пас, ба ин қоидаҳо риоя кунед!

  1. Ҳангоми дар кӯча қадам гузоштан, мард бояд аз тарафи чапи зан қадам гузорад. Аз ҷониби рост танҳо мардоне, ки рутбаи ҳарбӣ доранд, метавонанд қадам бизананд, зеро онҳо бояд ҳар лаҳза омодаи додани саломи ҳарбӣ бошанд.
  2. Вақте зан пешпо мехӯрад, мард бояд аз оринҷи зан дорад. Дар дигар ҳолатҳо барои доштани дасти зан иҷозат пурсидан лозим аст.
  3. Дар ҳузури зан мард бе иҷозат сигор намекашад.
  4. Ҳангоми аз хона ё утоқ берун шудани бону мард бояд дарро кушода ба ӯ роҳ диҳад.
  5. Вақти аз зинаҳо фаромадану ба боло баромадан мард бояд аз зан як-ду зина аз қафо қадам гузорад, то ки дар сурати пешпо хӯрдани зан ӯро аз афтидан нигоҳ дорад.
  6. Ба лифт аввалин шуда мард ворид мегардад, вале ҳангоми берун шудан бояд ба зан роҳ диҳад.
  7. Аз мошин аввалин шуда мард берун мебарояд ва гирди мошинаш чарх зада, дари онро мекушояду дар фаромадан ба зан кӯмак мерасонад. Дар сурате, ки мард сари чанбараки мошин нишаста бошад, худаш дари онро бояд кушода, аз оринҷи зан гирифта барои фаромадан кӯмак расонад. Дар ҳолате, ки марду зан дар такси мераванд, бояд ҳарду дар нишастгоҳи қафо бишинанд. Аввал зан ва сипас мард ба таксӣ савор мешавад.
  8. Вақте зану мард ба утоқ ворид мегарданд, мард бояд дар кашидани либоси ғафси зан кӯмак расонад ва ҳангоми аз утоқ берун шудан либосашро ба вай дароз кунад.
  9. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вақте зан рост истодааст, мард набояд шинад.
  10. Мувофиқи этикет мард набояд ба мулоқот бо бону дер кунад. Аслан, мард бояд ба мулоқотгоҳ чанд дақиқа пештар ҳозир шавад, зеро дер карданаш занро асабӣ намуда дар ҳоли ногувор мегузорад. Дар ҳолате, ки мард бо сабабҳои ҷиддӣ дер мекунад, бояд қаблан занг зада, бонуро огоҳ намояд ва барои дер карданаш бахшиш пурсад.
  11. Ба бонувони синну соли дилхоҳ дар бардоштани сумкаву халтаҳои пурбор кӯмак расонидан лозим аст. Сумкачаи занона, палтои сабук ё манто ба ин рӯйхат дохил намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки зан бо сабаби бемор будан имкони бардоштани ин чизҳоро надорад.
  12. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ занро ғайбат кардан ҷоиз нест, хусусан дар иҳотаи мардон.
  13. Ҳангоми суҳбат мард набояд дастонашро дар қафаси сина ё кисааш нигоҳ дорад. Дар даст чарх занондани ашёҳои гуногун низ нишонаи ноҳурматӣ нисбат ба ҳамсуҳбат аст.
  14. Донистан муҳим аст: Мард бояд аввалин шуда ба тарабхона ворид шавад. Сабаби асосии қоидаи мазкур дар он аст, ки маъмурияти тарабхона ташаббускори ба тарабхона омадани зан ва мардро муайян намуда, аз кӣ талаб кардани ҳақи хизматрасониро ба нақша мегирад. Дар сурати ба тарабхона ворид шудани гурӯҳи калони одамон нафаре ҳақи хизматрасониро пардохт менамояд, ки ҳозиринро ба тарабхонаи мазкур таклиф намудааст. Дар сурате, ки дар даромадгоҳи тарабхона маъмурият ба пешвози мизоҷон барояд, мард бояд ба зан роҳ дода, барои нишастан ҷойи муносиби холӣ пайдо намояд.

Таҳияи Меҳрубон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *