Ба Самир Даттани ҳукми қатл доданд?
Самир Даттани 27-январи соли 1982 дар шаҳри овозадори Бомбей, дар оилаи тољири мусулмон ба дунё омадааст. Ин ситораи ҷаҳонӣ мактаби миёнаро дар зодгоњаш ба итмом расонида, дарҳол баъди хатми дабистон ба телевизион роҳхат гирифтааст. Самир барандаи шоу-барномаи машҳури рақсӣ буд. Дар баробари барандагӣ кардан ин ҷавони ташнаи ҳунар нозукиҳои рақсро аз устодони машҳури кишвараш омӯхта ба зудӣ ҳамчун раққоси моҳир ном баровард. Ҷозибаи рақси Самир дар он буд, ки мисли дигарон дар саҳна не, дар рӯйи ях рақс мекард. Ҳунари нотакрораш ӯро дар 17 солагӣ барандаи ҷоизаи олии “Беҳтарин раққоси Ҳиндустон” гардонд.
Дар ҷустуҷӯйи асрори ситора
Актёри ҷавон, вале машҳури “Боливвуд” Самир Даттаниро натанҳо дар Ҳиндустон, балки дар нисфи ҷаҳон мардум хуб мешиносанду дӯст медоранд. Њамарўза мухлисони синамо дар гӯшаю канорҳои гуногуни олам филмҳоеро, ки дар онҳо Самир нақши асосиро мебозад, бо шавқу завқи бепоён тамошо карда, ба ҳунару маҳорати ин ҷавони зебову шӯхтабъ аҳсан мехонанд. Ошиқони Самир дар кишвари мо низ зиёданд. Зангҳои пай дар пайи мухлисонаш моро ба он водор намуданд, ки ба шабакаҳои гуногуни интернетӣ сар халонда дар бораи ин ҷавони панҷ панҷааш ҳунар маълумотҳои аҷиб пайдо намоем.
Билети сафар ба олами афсонаҳо
Самир Даттани нақши аввалинашро дар синамо дар 18 солагӣ бозидааст. Шоу-барномаи рақсиашро тамошо карда, коргардонҳои чашми кордони “Болливуд” эҳсос намуданд, ки ин ҷавони чобук ба кони ҳанӯз нокушодаи ҳунар монанд аст ва барои санҷиш ӯро ба синамо даъват намуданд. Аввалин филме, ки ба Самир бовар карданд “Сароби бахт” (Призрачное счастье) ном дошт.
Ҷавон дар ин филм чунон моҳирона нақш офарид, ки ҳатто ҳунармандони таҷрибаи бой дошта низ ба ҳайрат омаданд. Пас аз ин филм Самир Даттани ҳамчун актёри боистеъдод машҳур гашт. Акнун хабарнигорони бузургтарин шабакаҳои телевизионӣ ба суроғаш меомаданд, то дар бораи ин азизи дили духтарҳо барномаҳои рангоранг таҳия намоянд.
Самир+Амитабх
Коргардонҳои Болливуд маҳорати баланди актёрии Самир Даттаниро дида, дигар домони ин ҷавони ҳунармандро раҳо кардан намехостанд. Рӯзе набуд, ки ягон режиссёри машҳур ба Самир занг зада, ӯро ба ҳамкорӣ даъват накунад. Самир аз байни ҳазорон пешниҳод сенарияи коргардон Мани Шампалро пазируфт, зеро дар ин филм ҳунарманди машҳуртарини Ҳиндустон Амитабх Баччан низ нақш мебозид. Мани Шампал ба Самир офаридани симои корманди пулисро вогузор намуд. Аҳли эҷоди филм дар ҳайрат буданд, ки аз шоҳи синамои Ҳинд Амитабх Баччан ва Самир Даттании навроҳ чӣ гуна ҷуфт мебаромада бошад, вале изтиробашон беҳуда баромад. Самир дар олами синамо навроҳ бошад ҳам, ба зудӣ бо Баччани овозадор забон ёфт.
Бо шарофати заҳмати ду ҳунарманди асил филм бо тиражи бузург ба фурӯш рафта, даромади калон овард.
Маликаи хира
Акнун ҳунармандони номдори Болливуд, ки пештар биниашон осмонро мехарошид, худашон толиби бо Самир Даттани нақш бозидан гашта, ба коргардонҳо маслиҳат медоданд, ки ин ҷавони ҷусту чолокҳо ба филмҳои нав ба нав даъват намоянд. Яке аз чунин мухлисони машҳури Самир шоҳбонуи Болливуд Карина Капур буд. Ин ситораи дурахшони Боливвуд дар як филм њамроњи Самир Даттани наќш бозида, бо тамоми ҳастӣ ба ин ҷавони зебо дил баст. Карина чунон волаю шайдои Самир гашта буд, ки худаш ба вай смс-паёмакҳои ошиқона менавишт.
Самир Каринаро дӯст намедошт ва намедонист чӣ тавр аз ин маликаи хираи Болливуд халос шавад. Вай хуб огоҳӣ дошт, ки Карина номзади Сайф Алї Хон аст ва ќиссаи ишќу ошиќиҳояшон бо шарофати матбуот кайҳо вирди забони мардум гаштааст ва намехост дар байни ин ду дилдода мисли хори марғелон сар халонад, аммо худи духтар монанди оруи ба гули зебо часпида ҳеҷ аз Самир дил канданӣ набуд.
Карина тез-тез ба Самир занг мезад, паёмҳои пур аз ишқу муҳаббат мефиристод, аммо ҷавон ба сӯйи вай бо чашми меҳр наменигарист. Нописандии ин актёри ҷавон ғазаби маликаи Болливудро оварда, қасам хӯрд, ки Самир Даттаниро боб мекунад.
Туҳмати гӯшношунид
Маҳбубаи ба висоли ошиқ нарасида роњи қасосро пеш гирифта, чунон коре кард, ки Самир ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам оварда наметавонист. Карина Капур аз рӯйи Самир Даттани ба суд аризаи шикоятӣ навишта, актёри ҷавонро дар таҷовуз ба номуси хизматгораш муттаҳам намуд. Мазмуни аризаи Каринаро фаҳмида дили Самир аз тамоми ҳунармандон ях барин хунук шуд. Вай тасаввур карда наметавонист, ки Карина барин як бонуи ҳунарманду машҳур ба чунин пастӣ
kinopoisk.ruдаст зада метавонад. Ҷавони ҳунарманд ҳарчанд кӯшиш мекард, бегуноҳиашро исбот карда наметавонист. Ҳомиёни қонун ба дастонаш завлона зада, домоди орзуҳои миллион-миллион зебосанамҳои Ҳиндустонро ба зиндон бурданд. Кормандони пулис байни худ миш-миш мекарданд, ки суд барои таҷовуз ба номус актёрро ба қатл маҳкум менамояд. Самир дар кунҷи маҳбас нишаста дар дил ба худ лаънат мехонд, ки пешниҳоди коргардонро қабул карда, бо Карина рӯ ба рӯ гашт ва ин вохӯрии касофатбор боиси ба доми туҳмат печида шармандаю шармсор гаштанаш шуд, вале дигар кор аз кор гузаштаю вақтро ба қафо гардонда намешуд.
Дӯстро дар рӯзи ғам бишнос
Дили Самир аз оламу одам монда, заррае умед надошт, ки дар чунин ҳоли табоҳ касе ёди ӯро мекунад, вале дунё бе одамони нек нест. Коргардони филм Шампал, ки аз асли моҷарои байни ин ду ҳунарманд ва танҳо қасоси Каринаи худҳоҳи ба Самир дилбохта будани айби ба сари ин ҷавони бегуноҳ боршуда хуб огоҳӣ дошт, тамоми маблағи аз ҳисоби фурӯши филм ба даст омадаро дода, ҷони Самирро харид. Модашери синамои Ҳиндустон озод шудани Самир Даттаниро шунида аз ғазаб меғурид, вале зӯраш ба Шампал намерасид, зеро ин коргардони номдор натанҳо дар саросари кишвар, балки дар хориҷа низ обрӯю мақоми хос дошт ва метавонист ӯро мисли як замбӯрак маҷақ кунад.
Ҷавоне, ки аз духтар қимоб аст
Самир Даттани ошиқони зиёд дошта бошад ҳам, кӯшиш мекард, ки аз духтарҳо дуртар гардад, зеро аллакай як маротиба “шаттаи” ин модаршерҳои зеборо хӯрда буд ва медонист, ки аз зан ҳама чизро интизор шудан мумкин аст. Ҳамарўза ба дасташ даста-даста номаҳои ошиқона мерасиданд, вале Самир рози дили паричеҳраҳои дилбохтаро ҳатто боз накарда оташ мезад. Вай акнун тамоми ҳастиашро ба синамо бахшида, мехост номи бо касофатии Карина сиёҳшудаашро дубора бо ҳунараш ҷилои нав бубахшад. Самир шабу рӯз меҳнат мекард, то ба боварии коргардон Шяб Бенгал сазовор гашта, нақши дар филми “Ҳамааш хуб аст” ба вай боваркардаи ин режиссёрро аъло офарад. Заҳмату бедорхобиҳояш баръабас нарафтанд,филм аз рӯзҳои нахустини пешкаши дӯстдорони синамо гаштанаш харидорони зиёд пайдо кард. Филмро машҳуртарин шабакаҳои ҷаҳон намоиш доданд ва шумораи мухлисони Самир Даттани дар саросари дунё чандин маротиба афзуд. Самир ситораҳои дурахшонтарини олами киноро ба ҳайрат оварда, исбот намуд, ки вай дар ҷодаи синамо шахси тасодуфӣ ва танҳо як ҷавони авбоши таҷовузкор нест.
Комёбиҳои Самир Даттаниро дида Карина мисли мор ба худ мепечид. Маликаи ба мурод нарасида ҳанӯз кинаро аз дил берун накарда буд ва ба журналистони шиносаш занг зада, хоҳиш мекард, ки дар бораи Самир ҳар гуна овозаҳои бардурӯғро паҳн кунанд. Яке менавишт, ки Самир Даттани бабник аст, дигарӣ ӯро дар мардумфиребӣ муттаҳам карданӣ мешуд, вале дигар ин ҳангомаҳо қудрати резондани обрӯи ин ҳунарманди ба қуллаи шуҳрат расидаро надоштанд. Самир Даттани аллакай собит сохта буд, ки њунарманди болаёқат, меҳнатдўст ва инсони покдилу покният аст.
Салом, эй ишқ!
Беҳуда намегӯянд, ки ишқ ба синну сол, касбу кор ва ҷоҳу мақоми инсон кор надорад, ҳар гоҳе хоҳад ва дари дили касеро хоҳад, боз мекунад. Ҳамин ишқи бузург ниҳоят ба дари дили Самир Датанни нохун зад. Як вохӯрии тасодуфӣ бо Ритика Ҷоли боис гашт, ки дили ин ҷавони шуҳратманд ба ларза дарояд. Муҳаббати ин духтараки фариштарӯю фариштахӯ дар қалби Самир мисли чашмаи мусаффо ҷӯш мезад ва ҳамин ишқи поки ҳиндуёна билохира ин ду гулро ба ҳам пайваст. Соли 2011 Самир ва Ритика дар њалќаи беҳтарин коргардону њунармандони Болливуд маросими арӯсиашонро ҷашн гирифтанд. Акнун Самир ҳамроҳи ҳамсари меҳрубонаш дар қисмати ҷанубии Мумбай зиндагӣ мекунад. Самир ва Ритика саёњат карданро дўст медоранд.
Ритика дар суҳбат ба журналистон гуфтааст, ки мехоҳад китоби аввалинашро, ки дар бораи қиссаи ишқи ваю шавҳари номдораш нақл мекунад, ба дасти чоп дињад. Самир бошад, аз рӯйи асари занаш филми ҷолиберо ба навор гирифтанист.
Дуо мекунем, ки дигар ягон абри сиёҳ ба рӯйи бахти ин ду ҷавони зебо соя наафканад…
Омодасоз: Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ