Ба сегоникҳо номи президентро гузоштанд
Як оила дар ноҳияи Гурлани вилояти Хоразми Ӯзбекистон номи сегоникҳои худро Шавкату Мирамон ва Мирзиё гузоштанд.
Хонаводаи Мансурбек Отаҷонови 29-сола гуфтанд, ки ин номҳо ба хотири эҳтиром ба раиси ҷумҳур – Мирзиёев Шавкат Мирамонович – интихоб гардид. Сегоникҳо ҳафтаи гузашта ба дунё омадаанд.
Ин бори аввал нест, ки волидони сегоникҳо дар Ӯзбекистон ба хотири раиси ҷумҳур номи фарзанди худро Шавкату Мирамон ва Мирзиё мегузоранд. Моҳи апрели имсол Ҷамшед Шодиев, сокини Бухоро низ сегоникҳои худро чунин номгузорӣ карда буд.
Дар замони раёсати Ислом Каримов, президенти собиқи Ӯзбекистон, барои сегоникҳо гузоштани исми Ислом, Карим ва Абдулғанӣ одат шуда буд. Се сол пеш сегоникҳоро, ки дар вилояти Андиҷон таваллуд шуда буданд, Исломҷон, Абдулғанӣ ва Каримҷон ном гузоштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ