Нархномаи нави роҳи пулакии IRS

Бар асоси нархномаи нави ширкати IRS, як мошини сабукрав барои ҳаракат аз аввал то поёни шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бояд 59 сомонӣ, вале мошини боркаши категорияи чорум барои убур аз ҳамаи 6 плазаи ин ширкат бояд 638 сомонӣ пул супорад.

Ширкати IRS (Innovative Road Solutions), ки масъулияти пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ – ягона роҳи иртиботӣ байни вилояти Суғд ва боқӣ қаламрави Тоҷикистонро дар даст дорад, нархномаҳояш барои ҳаракати васоили нақлиётӣ тавассути ин шоҳроҳро бозбинӣ кардааст. Бино ба шарҳи ин ширкат, нархномаҳо асосан яклухт карда шуда, дирамҳои иловагӣ аз тарифҳо бардошта шудаанд, то ки ҳисобу китоби ронандагон бо масъулони плазаҳо осон шавад. Барои мисол, нархи убур аз плазаи «Шаҳристон” барои мошинҳои боркаш, ки қаблан 216 сомониву 20 дирам шуд, акнун 217 сомониро ташкил медиҳад.

Ба сурати умум, тавре аз нархномаи дар сомонаи расмиии IRS нашршуда бармеояд, як мошини сабукрав барои ҳаракат дар тамоми тӯли шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бояд 59 сомонӣ пардохт кунад. Аммо убури ҳамаи 6 плазаи IRS дар тӯли ин шоҳроҳ барои як мошини боркаши категорияи чорум алакай 11 маротиба гаронтар, бо нархи 638 сомонӣ тамом мешавад.

Мошинҳои категорияи дуюм барои убури 6 плаза 188 сомонӣ ва мошинҳои боркаши катерияи сеюм алакай 493 сомонӣ бояд пардохт кунанд.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аз пойтахти Тоҷикистон то марзи ноҳияи Мастчоҳ бо Узбекистон 410 километр тӯл мекашад. Ин роҳ дар 8 соли пеш бар пояи 281 миллион доллар қарзи Чин ва ҳудуди 30 миллион доллар саҳми ҳукумати Тоҷикистон тармим шуд. Дар соли 2010 шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ бо қарори парлумон нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон эълон шуд ва масъулияти пулчиниашро ба ширкати то он замон ноошнои IRS супурданд.

Парлумони Тоҷикистон ба дунбол ин ширкатро бар асоси як қарордоди бо ҳукумат имзокардааш барои 25 сол аз пардохти андоз озод кард. Матни ин қарордод то имрӯз дар ягон ҷо чоп нашудааст.

IRS дар як минтақаи оффшорӣ дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст, вале то ҳол исми моликонашро эълон накардаанд. Дар матбуот гузоришҳое нашр шуда буд, ки Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва домоди президент Эмомалӣ Раҳмонро молики IRS ном мебурданд. Вале худи Нуралиев инро рад мекунад.

Бино ба маълумоти IRS, қароргоҳи марказии ин ширкат дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ҷойгир шудааст. Вале дар асл дафтари марказии IRS дар Душанбе буда, фаъолиятҳояш низ танҳо бо Тоҷикистон маҳдуд мешавад.

Даромадҳои ширкат аз пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ низ расман нашр нашудаанд, вале хабарнигор ва блогнависи маъруфи тоҷик Зафар Абдуллоев ду моҳ пеш тасвирбаён (инфографика)-еро дар бораи фаъолияти IRS нашр кард, ки бино бар он, ин ширкат солона аз ин ягона шоҳроҳи пулакии Тоҷикистон то 40 миллион доллар ба даст меорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *