Ба толибон чунон бояд зарба зад, ки як умр фаромӯш накунанд…
Дар сурати ҳамлаи Толибон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, бояд ба онҳо посухи шадидан шадид бидиҳанд, ки ҷангиён ба таври возеҳ дарк кунанд, ки набояд Афғонистонро тарк кунанд.
Ба иттилои манбаъ “СПАД метавонад кишварҳои Осиёи Марказиро аз Толибон дифоъ кунад,” гуфт Владимир Винокуров, ноиби президенти Лигаи дипломатҳои ҳарбӣ.
«Амалиётҳои низомӣ бояд танҳо дар сатҳи мудофиавӣ ташкил карда шаванд ва чунон зарбаҳои шадиде зада шаванд, ки роҳбарияти Толибон якумр набояд фаромӯш , ки онҳо набояд ба марзи шимолии Афғонистон бо кишварҳои ИДМ дахолат кунанд», — гуфтааст коршинос, дар муколама бо RIA News
Винокуров илова кард, ки барои муқовимати дифоъӣ бо Толибон қувваи нерӯҳои дастаҷамъии кифоя хоҳанд буд, дар ҳолатҳои фавқулодда ба пуррагӣ метавон аз нерӯҳои Округи марказии ҳарбӣ истифода кард.
Коршинос истисно накард, ки Ӯзбекистон узви СПАД нест, вале аз сабаби он ки бо Афғонистон ҳамсарҳад ҳаст метавонад аз Россия кӯмаки низомӣ хоҳад.
Бар зидди толибон метавон аз силоҳҳои системаҳои сершумори мушакӣ ва силоҳи ҳавоӣ, ҳамчун аз силоҳеҳои шилликӣ ном бурд, Винокуров.
Сиёсатшинос илова кард, ки ба эҳтимоли зиёд Толибон пас аз як сол қудратро дар Афғонистон ба даст хоҳанд овард ва мехоҳанд тавсеаи худро дар кишварҳои дигар идома диҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ