Ба заҳматҳои Саидалӣ Маъмур арҷ мегузорем
Муроҷиати адабиёшинос Абдурашид Самадов ба раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, ки дар сомонаи pressa.tj таҳти унвони «Мазори Саидалӣ Маъмурро обод кунед!» чоп гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қаблан ба адабиётшиноси шинохта Абдурашид Самадов, ки дӯсти шоири зиндаёд Саидалӣ Маъмур ҳастанд, барои таваҷҷуҳ ва хотираи некашон нисбати яке аз фарзандони номбардори шаҳри Истаравшан изҳори миннатдорӣ баён менамояд.
Зимнан, ба иттилои муаллиф расонида мешавад, ки баъди вафоти Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур роҳбарияти шаҳри Истаравшан дар ҳамкорӣ ва маслиҳати бевоситаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муҳтарам Низом Қосим ва роҳбари бахши шаҳрии иттифоқи мазкур Раънои Зоирдухт масъалаи обод намудани оромгоҳро баррасӣ намуд.
Сипас, баъди боздиди намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз манзили охирати шоир корҳои ободӣ оғоз гардид. Алҳол, атрофи оромгоҳ пурра бетонпӯш кунонида шуда, санги мазори Устод Саидадӣ Маъмур омода шудааст ва тибқи лоиҳа бо услуби хоси хиштчинӣ аз тарафи мутахассисони Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истарвшан дар арафи соли ёдбуд аз вафоти Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур ба анҷом расонида мешавад.
Ба қавли шоири зиндаёд: Одам ба одам зинда аст…
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ