Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон. Раймундас Кароблис кист?  

Раймундас Кароблис, муовини вазири корҳои хориҷии Литва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин шуд.

Таъйиноти Раймундас Кароблис 8 июни соли равон сурат гирифтааст. То ин муддат ин мақом аз соли 2018 дипломати шведӣ, Мэрилин Йозефсон фаъолият мекард. Акнун ӯ раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон таъин шудааст.

Гуфта мешавад, ки Кароблис 54 сол дошта, хатмкардаи  бахши ҳуқуқи Донишгоҳи Вилнюс мебошад. Дар гузашта вазири дифои Литва низ  будааст.

Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди Аврупо яке аз созмонҳои муҳим ва шарики Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Солҳои 2014-2020, дар маҷмуъ, 227 миллион евро ёрӣ кардааст. Аммо ин созмони байналмилалӣ борҳо аз маҳдудияти дастрасӣ ба интернету озодии баён ва нақзи ҳуқуқи инсон дар кишвар изҳори норизоӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *