Қурбон Ҳакимзода дар Вахш аз Маркази логистикӣ боздид ба амал овард

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни сафари кориаш дар ноҳияи Вахш аз рафти сохтмони Маркази логистикӣ дидан намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, ин марказ аз тарафи соҳибкор Саидов Абдухолиқ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Рақобатпазирии агробизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҶДММ “Восток-1”-и ноҳияи Вахш ба маблағи 248 ҳазору 584 доллари амеркоӣ бунёд мегардад. 50%-и маблағи сохтмонро соҳибкор сармоягузорӣ кардааст.

Ба раиси вилоят иттилоъ додаанд, ки дар ин мавзеъ бунёди ду сардхона бо имконияти қабул намудани то 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардидааст.

— Дар марказ дар як сол банду басти то 360 тонна мева ва сабзавот ба роҳ монда шуда, дар аввал то 20 ҷойи кории доимӣ ва дар мавсим то 50 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Айни ҳол таҷҳизот пурра ворид ва насб карда шудаанд. Таҷҳизот барои хушк кардани меваю сабзавот, банду басти  меваю сабзавот ва маҳсулоти кишоварзӣ ва таҷҳизоти дигар барои ба андоза (калибровка) ҷудо намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва як адад автомошинаи автокара (борбардор) дастрас карда шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд,- меафзояд манбаъ.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *