Ба мани бехонаву дар кӯмак кунед
Ман Маъмура Шарипова, модари ду духтарчаи хушрӯй ҳастам, ки синфи 5-6 мехонанд. Маро азоби бехонагӣ маҷбур намуд, ки ба идораи сомонаи “Tajikistantimes.tj” биёям.
Аз шавҳари майзадаам ҷудо шуда, гумон доштам, ки акнун дами беғам мезанам, вале аз як бало халос шуда, ба балои дигар гирифтор гаштам. Дар хонаи падар хизматгори янгаву акаҳоям шудам. Ду духтарамро дар хонаи бобояшон азоби зиёд доданд ва ман маҷбур шудам, ки хонаи падарро тарк намуда, дар ба дари мардум гардам. Се сол дар хонаи амаам истодам, вале нонхӯри зиёдатӣ буданамонро эҳсос намуда, аз шарм манзили ӯро низ тарк намудам ва ба шаҳр омадам. Дар хонаи зани дилӯзе истода, мехостам ба кор бароям ва нони даҳони фарзандонамро худам бе миннат ёбам, вале бародарони ҷоҳилам “дӯзандаҳо фоҳиша мешаванд” гӯён, омада маро зӯран ҳамроҳи фарзандонам гирифта бурданд ва таҳдид намуданд, ки агар ин дафъа аз хона бароям, маро мекушанд. Ғуломвор як моҳ хизматашонро карда бошам ҳам, касе ба ман рӯйи хуш намедод. Модарам ба гапи писаронаш даҳон кушода наметавонад. Хостам ба ҷамоати деҳамон ариза навишта, дар қатори дигар занҳои бе шавҳаре, ки фарзандонашонро тани танҳо ба воя мерасонанд, як порча замин бигирам, вале боз бародаронам ба миёна даромада, садди роҳам гаштанд, ки ту ба идораи ҷамоат рафта, обрӯйи моро мерезонӣ. “Орзуи соҳиби замин ва хона шуданро накун, то рӯзе, ки мо зинда ҳастем, ба ин роҳ намедиҳем. Дар ҳамин хона пӯсида меравӣ!” гӯён, бародаронам чунон маро лагадкӯб намуданд, ки дар баданам ягон ҷойи обод намонд. Ҷонам аз ҷабру шиканҷаи пайвандонам ба лабам расид ва духтаронамро гирифта аз хонаи падарам гурехта боз ба шаҳр омадам. Айни замон дар хонаи ҳамон зани дилсӯз зиндагӣ дорам. Ӯ субҳ ба кор мераваду шом бармегардад, ман бошам, тамоми кору бори хонаашро мекунам. Мушкилот дар он аст, ки ба наздикӣ шавҳараш аз Русия меояд. Дили маро ғам зер кардааст, чунки зан як хона дорад ва ман бояд баъди баргаштани шавҳараш манзили ӯро тарк намоям. Шахсе пайдо шаваду барои ману фарзандонамро такягоҳ гардад, метавонам дар ягон дӯкони дӯзандагӣ ба кор даромада, нони даҳонамро ёбам, вале ку чунин марди хайрхоҳ?! Намедонам назди Худованд чӣ гуноҳе содир намудаам, ки на бахтам дод ва на тахт, умре дар зиндагӣ сарсону саргардонам. Охирин умедам ин сомонаи «tajikistantimes.tj” аст, агар ягон шахси худоҷӯе номаи пурдардамро хонда, маро ба фарзандӣ қабул кунад ё каме ҳам бошад, дасти ёрӣ дароз намояд, хуб, вагарна ҳоли ману кӯдаконам чӣ мешавад, касе намедонад.
Худо ҷазои шавҳари майзада ва бародарони бемеҳру шафқатамро диҳад, аз дасти онҳо ману кӯдаконам чунин дар ба дар ва хору зор шудем. Умедворам, ки дар симои хонандагони сомона мани дар зиндагӣ аз бемеҳрии шавҳару бародарон ҳамхун ранҷу азоб дида, бародарони ғамхор меёбам ё дари бахтам кушода шавад.
Р/С: Нафароне, ки ба ин зани дар дуроҳаи тақдир сарсону саргардонмонда, кӯмак кардан мехоҳанд ва ё ба ҳамсари ё ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд ба телефони идораи «Оила» 2-38-52-52 занг зананд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ