Дар ДСХ олимпиадаи байни донишҷӯён ҷамъбаст гаридид

Раёсати илм ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат даври донишкадавии олимпиадаро дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҷамъбаст намуд.

Дар ин бора аз Донишкадаи мазкур иттилоъ доданд.Бино ба иттилои манбаъ, олимпиада аз рӯи фанҳои иқтисодиёт, математика, технологияи иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони хориҷӣ, таърих, фалсафа ва ҳуқуқ баргузор гардида, танҳо 1 нафарӣ ғолибон аз ҳар як фанни зикргардида муайян гардиданд. Ғолибони даври донишкадавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо ифтихорномаҳои раёсати донишкада сарфароз гардонида шуданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар кафедраҳои донишкада бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ реҷаи махсуси кор бо донишҷӯёни иштирокчии олимпиада таҳия карда шуда, дар асоси он бо донишҷӯён машғулиятҳо мунтазам ба роҳ монда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *