Бабченкоро дар Киев Русия кушт?

Мақомоти интизомӣ дар Украина мегӯянд, ки Аркадий Бабченко, рӯзноманигори рус, ки бинобар «таҳдидҳои сиёсӣ» аз ватанаш гурехта буд, дар шаҳри Киев кушта шуд. Сарвазири Украина Маскавро дар ин қатл муттаҳам кардааст. Вазорати умури хориҷии Русия аз Украина хостааст дар ин бора «таҳқиқоти фаврӣ» анҷом диҳад.

Бинобар гузоришҳо, Аркадий Бабченко сешанбеи 29-уми май ҳангоми бозгашт аз фурӯшгоҳ дар назди дарвозаи хонааш дар шаҳри Киев кушта шудааст. Кушта шудани ин хабарнигори 41-солаи рус интизор меравад танишҳо миёни Маскав ва Киевро бештар кунад. Чанд соат пас аз қатли Бабченко, сарвазири Украина Владимир Гройсман дар «Фейсбук»-и худ навишт, «бовар дорам, ки мошини тамомиятхоҳи ҳукумати Русия наметавонист садоқат ва мавзеъгириҳои усулии ӯ (Аркади Бабченко)-ро бипазирад.»Аммо Русия бо «ҷинояти ваҳшиёна» хондани ин қатл мегӯяд, дар ҳоли таҳқиқи ин ҳодиса аст. Сухангӯи Кумитаи таҳқиқоти Русия гуфтааст, ин ниҳод «ҳозир нест ин ҷинояти ваҳшиёна алайҳи як шаҳрванди русро нодида бигирад». Вазорати корҳои хориҷии Русия низ бо нашри як баёния гуфтааст, «аз мақомҳои Украина мехоҳем ончӣ дар тавон доранд, барои анҷоми таҳқиқоти фаврӣ дар ин замина, ба кор баранд.»Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Украина гуфт, ҳамсари Бабченко пас аз он, ки ӯро дар назди хонааш «ғарқ дар хун» ёфт, ба пулис занг задааст. Антон Ҳерасченко, муовини раиси порлумони Украина гуфтааст, Бабченко дар ҳоли бозгашт аз фурӯшгоҳе дар наздикии хонааш буд ва дар ҳоле, ки мехост дарро боз кунад, шахси ҳамлавар, ки дар зинаҳо мунтазир будааст, чанд тир ба пушти ӯ задааст.Ҳерасченко мегӯяд, ки хабарнигори рус дар мошини «Ёрии таъҷилӣ», ки ӯро ба бемористон интиқол медод, ҷон додааст. Зоҳиран як нафар ё афроди бештар шахси ҳамлакунандаро дидаанд.Аркадий Бабченко аз мунтақидони ҳукумати Русия буд. Гузоришҳои ӯ дар бораи ҳимояти Маскав аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина, аз сӯи расонаҳои давлатии Русия ва шуморе аз мақомҳои ҳукумати он кишвар борҳо интиқод шуда буд.Аркадий Бабченко дар зимистони соли 2016 ба Радиои Аврупо Озодӣ/Радиои Озодӣ гуфта буд, пас аз нашри ибрози назар дар мавриди суқути ҳавопаймои артиши Русия дар баҳри Сиёҳ, «ҳама бахшҳои мошини таблиғотӣ»-и ҳукумати Русия алайҳи ӯ бархостанд.Дар зимистони ҳамон сол як ҳавопаймои низомии Русия, ки дар ҳоли интиқоли даҳҳо тан аз аъзои оркестри машҳури низомии Русия ба Сурия буд, дар баҳри Сиёҳ суқут кард ва ҳама 92 сарнишини он ҷони худро аз даст доданд. Аркадий Бабченко дар як навиштаи фейсбукии худ ҳукумати Русияро «мутаҷовиз» хонда буд.»Кумитаи ҳифозат» — созмони нозир бар расонаҳо, хостори анҷоми таҳқиқот барои ёфтани «омилони ин қатли ваҳшиёна ва саркӯбгар» шудааст. Нина Огнианова, ҳамоҳангкунандаи умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ин ниҳод дар баёнияе гуфтааст, «равиши рӯзноманигории интиқодии Бабченко, равише шинохташуда буд, мақомҳо бояд қатли ӯро ҳамчун ҳамла ба озодии расонаҳо дар назар гиранд.»Аркадий Бабченко дар ҷараёни ҷанги аввали Чечен дар артиши Русия хизмат карда буд. Ӯ баъдан артишро раҳо карда ва касби рӯзноманигориро дар пеш гирифт. Ӯ ҳамчун рӯзноманигори низомӣ барои чанде аз расонаҳои Русия гузоришҳо таҳия карда буд.Дар солҳои ахир аз ҳукумати Русия ба шиддат интиқод мекард ва дар тирамоҳи соли 2017 ба Киев рафт ва дар ин шаҳр зиндагӣ мекард. Тайи ду соли гузашта ин барои бори дувум аст, ки як рӯзноманигори саршинос ва мунтақиди рус дар Киев кушта мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *