Писари қудои президент ба мурабиёну доварони футбол фишор овардааст

Расонаҳо менависанд, соҳибкори наздик ба хонаводаи президенти Ӯзбекистон ҳангоми ду бозии ахири Лигаи олии футболи Ӯзбекистон ба доварон ва муриббиён фишор овардааст.

Аз ин соҳибкор Ойбек Умаров ном бурда мешавад. Вай бародари Отабек Умаров — домоди президенти Ӯзбекистон — аст.

Ойбек Умаров дар ду бозии охири Лигаи олии футболи Ӯзбекистон рафтори ғайримаъмулӣ доштааст. Тими футболи «Қӯқанд — 1912», ки дар Лигаи олӣ дар мақоми 12 қарор дорад, 22 май аз тими «Бухоро» ва 26 май аз тими «Қизилқум» шикаст хӯрд. Шоҳидон мегӯянд, Ойбек Умаров дар ин ду бозӣ доварон ва мураббиёнро таҳқир кард. Умаров доварону муарббиёнро дар шикаст хӯрдани тими «Қӯқанд — 1912» айбдор кардааст.

Диёр Имомхоҷаев, мушовири президенти Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон гуфт, Акобирҷон Шукурлоев — яке аз доварон — баъди ду бозии ахир аз Лигаи олӣ барканор карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *