Баъд аз ҷаласаи СААД дар Москва. Дар Тоҷикистон машқҳои низомӣ мегузаранд
Тирамоҳи соли 2022 кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ як силсила машқҳои низомӣ баргузор мекунанд.
Дар ин бора Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи СААД дар шаҳри Москва изҳор дошт. Ин машқҳо дар қаламрави Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон баргузор мешаванд.
«Мо ҳамчунин масъалаҳои муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои дастаҷамъии СААД бо аслиҳа ва таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани мутобиқати амалиётии контингентҳои низомии онҳо ва такмили ҳамоҳангии амалиёти муштараки сохторҳои низомии моро баррасӣ хоҳем кард», — гуфт Путин зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви созмон.
Президенти Федератсияи Русия таъкид кард, онҳо ният доранд, ки таҷрибаи баргузории машқҳои муштаракро густариш бахшанд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Москва нишасти солгарди СААД баргузор шуд. Мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви ин созмон ба 30-юмин солгарди имзои созишнома ва 20-умин солгарди таъсиси ин созмон рост омадааст.
Дар ин нишаст сарони давлатҳои Русия Владимир Путин, дабири кулли СААД Станислав Зас, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президентҳои Беларус Александр Лукашенко, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Қирғизистон Содир Ҷабборов ширкат доштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ