Бадахшон: Боздошти гуруҳи қочоқчиёни маводи мухаддир
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ошкор шудани як гуруҳи ҷиноӣ дар Бадахшон хабар дод. Дафтари матбуоти ин ниҳод шоми 26 феврал бо пахши як гузориш аз тариқи телевизионҳои давлатӣ гуфт, аз аъзоёни ин гуруҳи ҷиноӣ теъдоди зиёди яроқ ва маводи мухаддир мусодира карда шудааст. Масъулини ин ниҳод дар гузориш гуфтаанд, бо ошкор шудани ин гуруҳ аз чандин ҷиноятҳои дигар пешгирӣ кардаанд.
Узви ин гуруҳи боздоштшуда, ки ҳамагӣ сокинони ноҳияи Ишкошими Бадахшон ҳастанд, барои тиҷорати маводи мухаддир бо шаҳрвандони Афғонистон ҳамкорӣ доштанд. Ин гуруҳ ҳамчунин барои тиҷорати ғайриқонунии сангҳои гаронбаҳо ҳам даст доштанд. Дар гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфта мешуд, ки ин гуруҳи ҷиноӣ дар нооромиҳои солҳои ахир дар Хоруғ даст доштанд. Узви ин гуруҳи муташаккили ҷиноӣ дар гузориши телевизионӣ ба ҷиноятҳои содиркардаи худ иқрор шуда аз кардаашон изҳори пушаймонӣ карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ