Модар тифлашро куштани буд, аммо…

Бино ба маълумоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 21-солаи сокини шаҳри Истаравшан, бо гумони қатли тифли навзоди худ дастгир карда шуд.

Номбурда, 21-уми феврали соли 2018, тахминан соати 08:30-дақиқа, дар ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматиаш кӯдаки ҷинсаш мардро таваллуд карда, бо мақсади аз мардум пинҳон доштани таваллуд кардани худ, ки аз вақти барпо намудани оиладориаш ҳамагӣ 4 моҳ гузаштааст, кӯдаки навзоди худро қасди куштан намуда, ба дохили ҳоҷатхона партофтааст. Овози гиряи кӯдакро аҳли хонаводааш шунида, кӯдакро аз марг наҷот дода, оиди ин ҳодиса ба кормандони милитсия хабар додаанд.
Оид ба ин далел тибқи талаботи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *