Шоми дӯстии тоҷику узбек дар Кохи Борбад

Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 март доир мешавад. Дар ҷараёни ин сафар Душанбе ва Тошканд ба ва ҳудуди 20 созишномаи ҳамкорӣ имзо мекунанд. Шоми 9 март дар Кохи Борбад консерти ситораҳои тоҷику ӯзбек бо ширкати аз ҷумла Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев ва Фаррух Зокиров доир мешавад.

Таърихи сафари таърихии раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва барномаи ин сафар мушаххас шудааст. Мирзиёев рӯзҳои 9-10 март аз Тоҷикистон боздид карда, бо роҳбарони аввали ин кишвар, аз ҷумла бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад.Дар ҷараёни ин сафар, қарор аст, байни ду кишвари ҳамсоя ҳудуди 20 созишнома ба имзо бирасад, ки муҳимтаринҳояш аз сар гирифтани харидуфурӯши нирӯи барқ ва газ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, барқарор кардани роҳи оҳани Тирмиз – Амузанг – Қӯрғонтеппа ва шартнома дар бораи тартиби равуои шаҳрвандон аст, ки ба сокинони ду кишвар имкон медиҳад бидуни виза барои муддати то 30 рӯз ба қаламрави кишварҳои якдигар сафар кунанд.Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ боздид мекунад. Ба Мирзиёев дар инҷо унвони профессори фахриро хоҳанд дод.Ҳамчунин шоми 9 март дар Кохи Борбад як консерти бузурги ситораҳои аввали ӯзбеку тоҷик баргузор хоҳад шуд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар ин консерт аз ҷониби Ӯзбекистон аз ҷумла Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Шералӣ Ҷӯраев, Озодбек Назарбек ва аз ҷониби Тоҷикистон Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, Рустам Дулоев, ансамбли «Шашмақом”, Ҷӯрабек Муродов ва дигар ҳунармандони шинохта ширкат мекунанд.Аз 7 март дар Кохи Борбад ҳамчунин барои сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳ ва фурӯши маҳсулоти Ӯзбекистон доир карда мешавад.Содиқ Имомӣ, сафири Тоҷикистон дар Тошканд дар мусоҳиба бо хабаргузории УзА гуфт, дар Душанбе ба сафари Мирзиёев бо таваҷҷуҳи хосе нигоҳ мекунанд ва назорати тамоми масоили омодагӣ ба ин сафарро бевосита худи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

9 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *