Акнун орд арзон мешавад. Дар Кулоб корхона боз шуд

Ҷамъияти  саҳомии кушодаи  «Суғдиён»-и Агентии  захиравии   давлатии  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  шаҳри  Кӯлоб  корхонаи  истеҳсоли ордро ба роҳ монд.   Корхона  имконият дорад, ки дар як шабонарӯз  90 тонна  орд  истеҳсол намояд.

Директори  корхонаи истеҳсоли орди  «Суғдиён»  Фурқат  Иборатов, иброз дошт, ки дар  корхона  40 нафар    коргарон Фаъолият карда истодаанд..  Корхона  орд  навъҳои    1-ум  ва  2-юм истеҳсол  намуда, онҳоро  дар  бозори  марказӣ  ва  дӯконҳо  ба фурӯш мегузорад.  Нархи  орди истеҳсолшуда  нисбат ба  бозорҳо  арзонтар буда дар бозорҳои гирду атроф ҳам фурухта мешавад.

Масъулуни  корхона  бо  хоҷагиҳои  деҳқонии  ноҳияҳои  мазкур  шартномаи  тарафайн  дошта,  баъди ҷамъоварии  ғалла  (гандум)  аз онҳо маҳсулот қабул мекунанд.  Инчунин  дар  корхона  мошинҳои сайёр  таъсис  дода  шудаанд,  ки  ордҳои  истеҳсолгардидаро  ба  ҷойҳои  зарурӣ бурда,  ба  фурӯш  мебароранд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *