Бадахшон: Марги 2 аъзои як хонавода аз варами ҷигар

Шаш узви як хонавода дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба беморие гирифтор шуданд, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷануби Тоҷикистон даҳҳо нафарро кушт.

Бемории варами ҷигар рӯзи 31-уми январ писари 13-солаи хонаводаи Қурбонбек Қурбонбеков, як омӯзгор аз рустои Птупи ноҳияи Ишкошимро аз онҳо гирифт ва айни замон ду узви дигари хонавода дар ҳоли вазнин дар бемористони вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ муолиҷа мегиранд.

Қурбонбек Қурбонбеков, ки айни замон дар шифохона табобат мегирад, гуфт, ҳамаи аъзои хонавода аввали моҳи январ баъди истеъмоли нони гандумӣ ба беморӣ гирифтор шуданд.

“Аввал кӯдаконро шикамдард гирифт, баъд қайкунӣ сар шуд, баъд шикамашон варам кард. Мо дар ҳамон деҳа ба шифохонаи минтақавӣ муроҷиат кардем, ду-се рӯз дору доданд, як рӯз хобонданд, вале рӯз ба рӯз вазъ вазнин шуд. Баъд аз рӯзи 16-уми январ дар марказ муолиҷа мегирем“ – гуфт ӯ.

Омӯзгори тоҷик гуфт, вазорати тандурустӣ гурӯҳе аз мутахассисон ба шумули профессорҳоро барои ташхиси беморӣ ва муолиҷаи онҳо сафарбар кардаанд ва онҳо гуфтаанд, ки сабаби беморӣ истеъмоли гандуми олуда ба як рустанӣ будааст. “Ташхис карданд, гуфтанд, ки аз як навъи гандуме, ки дар дохилаш як алаф доштааст, мо заҳролуд шудем. Номи тиббиашро намедонам” – гуфт Қурбонбек Қурбонбеков.

Айни замон ба гуфтаи баъзе аз манобеъ, ду хонаводаи дигар аз як рустои ҳамсояи Птуп дар Ишкошим ҳам ба айни беморӣ гирифтор шудаанд. Ёздаҳ нафар аз як хонавода ва 9 нафари дигар аз оилаи дигар. Қурбонбек Қурбонбеков ҳам гуфт, ки дар воқеъ як оилаи 11-нафариро барои муолиҷа ба шифохонаи онҳо оварданд.

Бемории варами ҷигар ва ё гератпроп соли 1992 дар замони авҷи ҷанги дохилӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва бахусус ноҳияи Фархор хуруҷ кард. Дар он замон бештар аз 8 ҳазор нафар дар ин ноҳия заҳролуд ва на камтар аз 500 тан ҳалок шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *