Ҷоизаҳои ифтихории ВКД ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш аз 2 то 4 феврали соли равон бо ибтикори роҳбарияти  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳо оид ба футболи хурд, гӯштии тарзи самбо ва шиноварӣ миёни дастаҳои мардонаи шашкаю шоҳмот байни тимҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот баргузор шуд. Дар он 45 даста аз идораю корхонаҳо ва муассисаҳои таълимии мустақари пойтахт, аз ҷумла дастаи шатранҷу шашкабозони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов фаъолона ширкат варзиданд.

Чуноне ки сармураббии дастаи яккачини донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон  Устоди варзиши  Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайитмурод Нуралиев иттилоъ дод, ин мусобиқа  бахшида ба Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифт. Шатранҷбозону шашкабозони донишкада ғолиби мутлақи ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардида, бо ду ҷом ва ҷоизаҳои тиллои он сарфароз гардиданд.

Аъзои фаъоли даста  Алишер Каримов, Ҳотами Мутриба, Дӯстмурод Каримов, Сарвиноз Каримова ва Лолабону Исмоилова, мақомҳои аввал, ҷоизаҳои тилло ва Ифтихорномаҳои вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мукофот гирифт шуданд. Ғолибонро ректори донишкада Сафаров Шодӣ Асомуродович бо дастоварди нави варзишӣ табрику таҳният гуфт.

Мавриди тазаккур аст, ки то имрӯз қариб  70 нафар устоду донишҷӯи донишкада доир ба шатранҷу шашка унвонҳои номзади ба устодӣ ва Устоди варзиши Тоҷикистонро соҳиб гардида, 130 нафар донишҷӯ нозукиҳои шатранҷ ва шашкаро ҳамчун ихтисоси оянда меомӯзанд.

М. Шамсиддинов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *