Баъди 27 соли маргаш ӯро қадршиносӣ карданд

28 сентябр соли 1994, дар макони отряди сарҳадии Хоруғ задухӯрди шадиди низомӣ бо зиёда аз дусад ҷангии Ҳаким аз мухолифини тоҷик ба вуқӯъ пайваст. Дар натиҷаи  ҷангҳои тезутунд бо ҷангиёни мусаллаҳ Раҷан Батрканови 19-сола ба ҳалокат расид.

Эмомалӣ Раҳмон ҷавони  19-солаи ҷанговари интернатсионалисти қазоқро, ки 27 сол пеш дар марзи Тоҷикистон  бо Афғонистон ҷон додааст, қадрдонӣ намуд. Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон барои шуҷоату мардонагияш ба шаҳрванди Қазоқистон Раҷан Батрканов, ки дар марзи Тоҷикистон ҷангидааст пас аз 27 соли  марг бо ордени Спитамени дараҷаи 1 сарфароз гардонид, хабар додааст ВКД Казинформ. Бояд зикр намуд, ки сарҳадбони қаҳрамон, сержанти хурд, дар рафти амалиёти ҷангӣ дар сарҳади Тоҷикистону АФғонистон соли 1994 мардонавор ҷангида, бо сипар кардани синаи худ ҷони ҳамхизматҳояшро харид.

 Маълум аст, ки Змомалӣ Раҳмон чунин фармонро ба ифтихори 30 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имзо кардааст. Дар ин паём омадааст: «Халқи бародари Тоҷикистон ҷасорат ва қаҳрамонии хизматчиёни ҳарбии баталёни ҷудогонаи тирандозиро, ки вазифаи сарбозии худро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар солҳои 1993-2001 софдилона иҷро кардаанд, ёдоварӣ ва эҳтиром мекунанд».

Раҷан Батрканов соли 1975 таваллуд шудааст. Вай дар взводи Курчуми баталиони алоҳидаи муттаҳидшудаи Қазоқистон хидмат кардааст. Соли 1994, 28 сентябр дар макони отряди сарҳадии Хоруғ задухӯрди шадиди низомӣ бо зиёда аз дусад ҷангии Ҳаким аз мухолифини тоҷик ба вуқӯъ пайваст.

Онҳо кӯшиш карданд, ки дар минтақаи пайванди посгоҳҳои сарҳадии 5 ва 6 ба дараи Вишхорва рахна кунанд. Дар ин набард ҳайати батальони муттаҳидшудаи Қазоқистон фаъолона ширкат варзид, маҳз дар ҳамин набардҳои шадид бо ҷангиёни мусаллаҳ Батрканови 19-сола ба ҳалокат расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *