Баъди 34 сол. Интишор ва рӯнамоии китоби шеърҳои Жола Бадеъ дар Тоҷикистон

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоии маҷмӯаи ашъори Жола Бадеъи Исфаҳонӣ таҳти унвони “Шукуҳи шукуфтан” баргузор гардид.

Дар маросими мазкур аҳли илму адаб ва алоқмандони осори шоир иштирок ва суханронӣ карданд. Зикр гардид, ки “Шукуҳи шукуфтан” баъди 34 соли нашри охирин китоби Жола дар Тоҷикистон ба чоп мерасад.

Нашри китоби мазкур, ки шомили бахши муҳими эҷодиёти Жола Бадеъ аст, аз ҷониби Бунёди байналмилалии Жолаи Исфаҳонӣ (Лондон) маблағгузорӣ шуда, онро шоир Исмоил Зарифӣ ва пажуҳишгар Одил Нозир аз гирдоварӣ, аз хати форсӣ баргардон ва бо сарсухани муфассал ба зевари табъ оростаанд. 

Яке аз мураттибони китоби мазкур Одил Нозир дар суҳбат ба https://pressa.tj гуфт: “Китобе, ки рӯнамоӣ шуд, мунтахаби ашъори шоираи эронӣ Жолаи Исфаҳонӣ аст, ки мо ӯро дар Тоҷикистон ҳамчун Жола Бадеъ мешиносем, чун шоири тоҷик ҷузъи адабиётамон медонем, хотири некашро пос медорем, ашъори дилангезашро ҳамеша, дар лаҳзаҳои шодиву ғам мехонем. Сарнавишти Жола чун тақдири Абулқосим Лоҳутӣ дар печутоб аст. Ӯ низ ҳамчун ҳамқалами ҳамаламаш гирудорҳои сиёсиро дар кишвараш таҳаммул накарда, нахуст мубориза бурд, сонӣ ғурбатро ихтиёр кард”.

Ӯ мегӯяд, ки осори Жола дар Тоҷикистон баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ нашр нашудааст: “Охирин китоби Жола Бадеъ “Пайванд” соли 1988 дар Душанбе нашр шуда буд. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳиҷрати Жола ба Лондон пайванди ӯ ҳам бо Тоҷикистон як навъ қатъ гардид. Баъди ин ҳама солҳо мо қарор додем, ки ашъори Жоларо дар Тоҷикистон нашр кунем. Дар асоси 14 маҷмӯаи шеъри Жола, ки солҳои гуногун ба табъ расидаанд, ин китобро таҳияву нашр кардем. Ҳамчунин, шеърҳои Жоларо аз саҳифаҳои матбуот гирдоварӣ ва шомили китоб кардем. Умед аст, ки ин китоб оғози таҳқиқ ва нашри осори Жола Бадеъ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бошад”.

Дар маросиими рӯнамоӣ аз Жола Бадеъ ба ҳайси шоири бузург ва навовар ёдоварӣ карданд, ки дар рушду такомули шеъри тоҷикӣ нақши бориз дошт.

Жола Бадеъ, ки ному насаби аслиаш Мастонаи Султонӣ аст, соли 1922 дар Исфаҳон зода шудааст. Соли 1946 бо ҳамсараш Шамсиддини Бадеъ ба Иттиҳоди Шӯравӣ фирор кард. Жола аз солҳои 50-ум ба муҳити адабии Тоҷикистон пайваста, дар замони Шӯравӣ ба ҳайси шоири тоҷик шинохта шуд.

Китобҳои Жола дар Душанбе, Боку, Маскав, Тошканд, Теҳрон, Лондон, Порис ба табъ расидаанд, ки муҳимтаринашон «Гулҳои худрӯй» (Теҳрон, 1945), «Ёдгор» (Боку, 1950), «Модарон сулҳ мехоҳанд» (1956), «Армуғон» (Боку, 1956), «Дастагул» (1958), «Зиндарӯд» (1964), «Интизор» (1969), «Ҳангоми вафот»(1974), «Киштии кабуд» (1978), «Живая река» (Маскав, 1965), «Синий корабль» (Маскав, 1978), «Перелётные птицы» (Маскав, 1974) ва ғайра мебошанд. Муаллифи рисолаи «Шеъри нав дар Эрон» аст. Дар заминаи либреттои ӯ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи «Парасту» саҳнагузорӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *