толеънома

Толеъномаи 22-юми июли соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ҳақ будани худро ба ҳамкорон бо душворӣ исбот карданатон лозим меояд. Рафту аз уҳдаи ин кор бароед, бурд мекунед. Дар ҳаёти шахсӣ ба фишороварии ҳамсафари ҳаётӣ тоқат накунед. Агар нозу нузи ӯро бардоред, чунин амалашро гаштаву баргашта такрор мекунад. Барои бастани ақди никоҳ ва сафару саёҳат рӯзи мусоид аст.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи хубест, меҳнати босамар ва истроҳати бофароғат карда метавонед. Ҳодисаҳои хуш рух медиҳанд, вале мухолифат имкон дорад. Хабари хуш ё вохӯрии гувороро интизор бошед. Аз кунҷи танҳоӣ ҷустан ё баръакс робитаи бетартибона худдорӣ намоед. Барои оромии асабҳо бояд бештар бо наздикони худ бошед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз озодии худ сӯйистифода накунед, вагарна аҳли оила рафтори шуморо нодуруст қабул мекунанд. Дар масъалаҳои молиявӣ ба амалҳои хатарнок даст зада, ҳам обрӯи худро мерезонеду ҳам пулҳоятонро аз даст медиҳед. Ақидаҳои эҷодӣ бобарор анҷом меёбанд, вале зимни корҳои вазнини ҷисмонӣ хеле эҳтиёткор буданатон лозим аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Бо вуҷуди душвор будани корҳоятон бояд ташаббусро ба дасти худ гиред. Давоми рӯз бо нафаре вомехӯред, ки роҳи нави амалишавии нақшаҳоятонро пешгӯӣ мекунад. Агар шумо ба наздикӣ бемор нашуда бошед, ҳангоми дар маъракаву ҷашнҳо ширкат варзидан ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Эҳтимоли пули зиёд сарф карданатон вуҷуд дорад.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз дар танҳоӣ мушкилоти пешинаи худро рафъ карданатон лозим меояд. Вазъи молиявиатон босуръат хуб гашта, даромади калони пулиро интизор бошед. Ҳангоми гаперо ба забон овардан хеле боэҳтиёт бошед, вагарна гапи гуфтаатон дарди сари худатон мегардад. Ҳангоми сафар дар роҳ боэҳтиёт бошед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи хуб аст, баъди анҷоми корҳо истироҳати бофароғат муяссаратон мегардад. Аз нафаре, ки чандин маротиба фиребатон додааст, одамгариро интизор нашавед. Нисбати нафаре, ки дар дил меҳру муҳаббат доред, изҳори муҳаббат мекунад. Хабари хуш боиси тағйир ёфтани нақшаву ниятҳоятон мегардад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз барои расидан ба мақсад кӯшиши зиёд кардан лозим намеояд. Дар сурати сар задани мушкилоти молиявӣ, бо даромади доштаи худ қаноат кунед. Мушкили манзилии мизонҳо баногаҳ роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Нофаҳмиҳои бо хешовандонатон вуҷуддоштаро боадабона рафъ намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ба ақрабҳои ошиқ маслиҳат медиҳем, ки ба ақлу таҷрибаи худ такя намуда, аз шахси дӯстдоштаашон вобаста нагарданд. Дар муҳити корӣ сабру таҳаммулро пеша намоед, он гоҳ ҳамкорон шуморо ҳамчун мутахассиси кордон қабул мекунанд. Кӯшиш намоед, ки ғалатҳои пешинаи худро такрор накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Эҳтимоли пайдо намудани ҷойи кори маошаш баланд вуҷуд дорад. Дар масъалаи молиявӣ маблағи калон ба даст меоред. Баҳсу мунозираҳои оилавӣ бартараф гашта, боиси болида гаштани руҳатон мегардад. Хабаре имкон дорад, ки боиси тағйир додани нақшаҳоятон мегардад. Ҳангоми сари қарори муҳиме омадан ба маслиҳати наздикон гӯш андозед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои пешравии касбу коратон бояд мушоҳидакор бошед. Сафарҳоятон ба шарте бобарор анҷом меёбанд, ки субҳи содиқ ба роҳ бароед. Ҷарроҳиҳои тиббиро ба нақша нагирифта, бо воситаҳои халқӣ низ табобат кардану ба назди дандонпизишк рафтанро тавсия намедиҳем. Барои бастани ақди никоҳ рӯзи бобарор аст.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз корҳои нафарони эҷодкор бобарор мегардад. Агар ба корҳои хатарноку пурмоҷаро роҳ диҳед, маблағи зиёди пулиятонро аз даст медиҳед. Вазъи саломатиятон имрӯз ташвиш намедиҳад, аз ин рӯ, ба ҳаммом рафтану вақтатонро хуб гузарониданро тавсия медиҳем. Аксари далвҳо бо бовариву дилпурӣ аз пайи зиндагии обод мешаванд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз бо нафароне, ки хеле боақлу кунҷкобанд, баҳсу мунозира накунед. Дар масъалаҳои корӣ аз усулҳое истифода баред, ки қаблан барои пешравиҳоятон мусоидат мекарданд. Баъди нисфирӯзӣ сафарҳои дарозмуддат ва вохӯрии ошиқона бобарор анҷом меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *