Баъди фаранҷӣ мактабҳои исломиро мебанданд
Дар Шри-Ланка ҳукуматдорон тасмим доранд, ки пӯшидани фаранҷиро манъ карда, дари беш аз ҳазор мактаби исломиро банданд. Дар ин бора шабакаи “Euronews” хабар додааст.
Санади дахлдорро, ки рӯзҳои наздик ба баррасии ҳукумат пешниҳод хоҳад шуд, вазири амнияти ҷамъиятӣ Сарат Вирасекара имзо кард.
«Фаранҷӣ мустақиман ба амнияти миллӣ таъсир мерасонад», — шарҳ додааст ӯ зимни маросиме дар маъбади буддоӣ рӯзи шанбе.
«Бисёре аз мо дар кӯдакӣ дӯстони мусулмон доштем, ба шумули духтарони мусулмон», — аз ҷумла изҳор намуд ӯ, — вале онҳо ҳеҷ гоҳ фаранҷӣ намепӯшиданд. Ин — зуҳури ифротгароӣ аст ва он дар ҳамин наздикиҳо пайдо шуд. Аз ин рӯ яқинан мо онро манъ хоҳем кард»!
Сарат Вирасекара иқдоми бастани беш аз 1000 мадрасаро бо он вобаста намуд, ки мактабҳои мусулмонӣ сиёсати миллиро дар соҳаи маориф риоя намекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ