Гуштину пойгаи асп дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди гуштии миллӣ (гӯштингири) ва мусобиқаи кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ дар назар аст.
Фармони дахлдорро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расонид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти шаҳрдории пойтахт.
Мусобиқаи гуштии миллӣ “гӯштингири” рӯзҳои 20-21 март ва мусобиқаи кушоди пойгаи аспӣ барои Ҷоми Пойтахт 24 марти соли ҷорӣ баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқаҳои варзишӣ дар ҳудуди муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» -и Душанбе баргузор мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ ба Сарраёсати молияи пойтахт супориш дода шуд, ки барои гузаронидани ин мусобиқаҳо аз фонди рушди шаҳр 185 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад.
Муовини шаҳрдор Мавсуна Муинӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши, Вазорати кишоварзии , Федератсияи миллии «Гӯштингирӣ», Федератсияи «Пойга ва бузкашӣ» муваззаф шудаанд, ки барои даъват ва ҷалби беҳтарин варзишгарон, паҳлавонону аспсаворон аз корхонаҳои асппарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *