Ортиқ Қодир: Ба Худо ва охират бовар дорам

14- уми март Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир 65-сола шуд. Ба ин хотир мо эшонро ба барномаи “Корзина” даъват кардем ва доир ба ҳунару ҳунармандӣ, театр, кадрҳои оянда, озодӣ, сензура, шароити иқтисодии театрҳо, бинандагони иҷборӣ, роҳҳои даромади актёрӣ дар кишвар ва филмҳои туркӣ суҳбат кардем, ки дар зер манзури шумо хоҳад гашт.

Шакли видеоии суҳбатро метавонед аз ютубканали Pressa.tj тамошо кунед.

Ҳамчунин Ортиқ Қодир дар мусоҳиба бо Pressa.tj дар мавриди ҷашн нагирифтани “юбилей”-ҳои худу ҳампешагони худ чунин гуфт:

— Ҷашнҳои 60-70-солагии бисёре аз аҳли ҳунари кишвар қайд намешавад ва инро ба қонуни танзим рабт медиҳанд. Дар ин росто ақидаи ман ин аст, ки бояд 60,70,80 –солагии аҳли илму адаб ҷашн гирифта шаванд, зеро чунин маҳфилҳо на танҳо қадр кардани як нафар, балки роҳнамоӣ кардан ба ҷавонон ҳам ҳаст. Имрӯз бояд ҷавонони мо нафаронеро, ки ба ҷомеа хизмат карданд шиносанд ва ба онҳо пайравӣ кунанд.

Дар ин барбар ҳунарманд доир ба аз кишвар берун рафтани аҳли илму адабро чунин маънидод мекунад:

— Шояд аз қадрношиносӣ ё пайдо кардани зиндагии беҳтару хубтар дар ҷойи дигар бошад, вале бояд гуфт, ки ҳоло Ҳукумат ҳам дар ин маврид фикр карда истодааст ва ҳар қадар, ки иқтисод, шароити будубоши мо беҳтар гардад, ҳамон қадар метавонем рафтаҳоро баргардонем.

Ва иловатан, Ортиқ Қодир гуфт, ки фикри рафтан ҳеҷ гоҳ дар фикраш наомадааст, зероаз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашад, оилаи хуб, ватанди обод, ҷойи кори мусоид дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *