Шавкат Ниёзӣ даргузашт. Наздиконаш ӯро ба Ватан овардан мехоҳанд!

Адабиётшинос ва адиби шинохта, профессор Шавкат Ниёзӣ, бародари Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ дар шаҳри Маскав дар синни 92-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.

Як масъули ин ниҳоди адабии кишвар ба pressa.tj гуфт, ки Шавкат Ниёзӣ шаби гузашта дар хонааш дар шаҳри Москва ҷон додааст:

“Пайвандони марҳум бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбута аз марги Шавкат Муҳаммадович хабар дода, хоҳиш пеш оварданд, ки ҷасади ӯро ба Ватан интиқол диҳанд. Феълан марҳум дар сардхона аст ва агар фарзандонаш имкон пайдо кунанд, ҷанозаи ӯ дар Ватан дафн хоҳад шуд”.

Шавкат Ниёзӣ бо Расул Ғамзатов ва Муллозуҳур Тоҳирӣ

Вале то ба ҳол ба Ватан интиқол шудан ё нашудани ҷасади Шавкат Ниёзӣ маълум нест.
Аҳли адаби кишвар даргузашти Шавкат Ниёзиро талафоти калони адабиёт ва фарҳанги тоҷик арзёбӣ мекунанд.

Адабиётшинос Шодимуҳаммад Сӯфизода саҳми Шавкат Ниёзиро дар тарғиби адабиёти тоҷик дар Русия бориз арзёбӣ карда, ӯро “Сафири адабиёт ва маданияти тоҷик” арзёбӣ кард.

Шавкат Ниёзӣ, мунаққид ва адабиётшиноси советии тоҷик, Коркуни Хидматнишондодаи Маданияти ҶШС Тоҷикистон (1976) ва Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСФСР (1978), профессор, доктори ифтихории АИ театрӣ (1996) буд.

Шавкат Ниёзӣ (бародари Фотеҳ Ниёзӣ) 19 декабри соли 1928 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1948 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Муддате устоди ҳамин донишгоҳ будааст. Соли 1957 дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ СССР рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мушовири адабӣ ва котиби масъули адабиёти тоҷик дар Иттифоқи нависандагони шӯравӣ будааст. Дар Маскав кору зиндагӣ мекунад.

Солҳои тӯлонӣ дар Институти давлатии санъати театрӣ (ГИТИС)-и ба номи Луначарский ва Донишкадаи адабиёти ба номи М. Горкий дарс гуфтааст. Феълан мушовири Кумитаи иҷроияи Созмони байналмиллалии Иттиҳодияҳои нависандагони ИДМ мебошад.

Ба таҳқиқ ва омӯзиши раванди инкишофи адабиёти халқҳои шӯравӣ, махсусан, адабиёти муосири тоҷик машғул аст. Аввалин мақолаи ӯ соли 1948 чоп шудааст. Дар бораи ҳаёту эҷодиёти Устод Рӯдакӣ, Ниёзӣ, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, А. Шукӯҳӣ, Ф. Муҳаммадиев, ҳамчунин А. Пушкин, А. Фадеев ва дигарон асарҳои пурарзиш эҷод кардааст. Яке аз муаллифони «Таърихи адабиёти сермиллати халқҳои шӯравӣ» (1974) мебошад.

Осори М. Горкий «Вася Железнова», А. Доде «Зани арлезианӣ», Сервантес «Ғори Сулаймон», Ч. Ҳейерманс «Ҳалокати «Умед», А. Чехов «Тӯйи зангирӣ», Л. Раҳманов «Пионери ноором», В. Собко «Барои ҷабҳаи дувум», романҳои А. Стил «Зарбаи аввал», Б. Сайтоқов «Бародарон», Б. Карбобоев «Зодаи мӯъҷизаҳо» (ҳамроҳи Р. Ҳошим ва Ш. Шараф), Қ. Қулиев «Корвони сиёҳ», ҳикояҳои алоҳидаи Р. Такур, В. Ҳюго ва А. Чеховро ба тоҷикӣ гардондааст.

Асарҳои Р. Такур «Шаби видоъ», «Гулчанбари муҳаббат» ва Ф. Ниёзӣ «Духтари сеюм»-ро барои театр ва радиову телевизион саҳнавӣ кардааст.
Мураттиб ва ношири баёзҳои «Мушоира» (ҳамроҳи Р. Ҳошим; Маскав, 1967), «Садои дӯстон» (Маскав, 1973), «Дар домани кӯҳҳои кабуд» (Маскав, 1979, 1985), «Лолачинӣ» (Маскав, 1982) ва ғ. мебошад, ки ба забонҳои русӣ, инглисӣ, арабӣ, урду чоп шудаанд.

Бо бисёр нишону ифтихорномаҳо, аз ҷумла, нишони «Дружба» (1997, Русия) сарфароз гардонида шудааст. Аз соли 1959 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *