Баъди пирӯзии “Манчестер Сити“ рақибаш “Реал” хоҳад буд

Футболбозони “Манчестер Сити”-и Англия дар бозии ҷавобии даври ¼-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо бо тими “Бавария”-и Олмон мусовӣ карданд.

Вохӯрӣ дар Мюнхен бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Эрлинг Ҳоланд (дақиқаи 57-ум) аз дарвозаи “Манчестер Сити”, Йосуа Киммих (83-юм) аз пеналтӣ ба дарвозаи “Бавария” гол заданд. Дар дақиқаи 38-ум Ҳоланд пеналтиро аз даст дод.

Дар дақиқаи 86-ум сармураббии «Бавария» Томас Тухелро баъди корти дуюми зард аз майдон хориҷ кард.

Тибқи иттилои “Opta”, Ҳоланд дар 10 бозии аввали Лигаи чемпионҳо 13 гол зада, рекорди нави мусобиқаро гузошт. Дастоварди қаблӣ ба Садио Мане тааллуқ дошт, ки дар 10 бозии аввали плей-офф ба ҳайси бозигари тими Ливерпул 9 гол задааст.

«Манчестер Сити» бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Дар марҳилаи баъдӣ рақибаш “Реал”-и Мадрид хоҳад буд, ки қаблан бар “Челси”-и Англия пирӯз шуда буд (2:0).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *