Чанд мушкили театри тоҷик дар суҳбат бо актриса Моҳпайкар Ёрова

Меҳмони навбатии барномаи “РӮ ба РӮ”-и YouTube канали Pressa.tj актриса Моҳпайкар Ёрова буд. Мо бо ин ҳунарманди саршинос доир ба мушкилоти театру кино суҳбат оростем.

Умед аз “Парасту”

— Дар ин рӯзҳои рамазонӣ чӣ ҳол доред?

— Шукр ки рӯзадорем. Тамрин мекунем, нақш меофарем ва ба фестивали “Парасту” омодагӣ мебинем.

— Воқеан, ҳафтаи оянда дар кишвар Ҷашнвори театрии “Парасту” баргузор мешавад? Чӣ интизорӣ доред аз ин ҷашнвора?

— “Парасту” барои мо — аҳли ҳунар ид аст, зеро тамоми театрҳои кишвар дар пойтахт ҷамъ меоянд. Барои мо муҳимтарин чиз дидори ҳамдигар аст…Омодагӣ ба “Парасту” имсол хуб аст. Театри мо бо намоиши “Иштибоҳ” аз рӯйи асари Албер Камю дар таҳияи Нозим Меликов, Театри Лоҳутӣ бо “Пораабри сафеди Чингизхон”-и Чингиз Айтматов дар таҳияи Султон Усмонов, Театри русии Маяковский бо “Мастер и Маргарита”-и Булгаков дар таҳияи Хуршед Мустафоев ва ғайра дар фестивал ширкат хоҳанд кард. Театрҳои дигар асарҳои худро ба намоиш мегузоранд. Умед дорам, ки “Парасту”-и имсола аз гузашта хубтар бошад.

— Чанд асаре, ки гуфтед, моли драматургҳои хориҷӣ аст. Асарҳои тоҷикӣ камтар аст. Чаро?

— Барои он ки мо имрӯз драматурги нағз надорем. Як-ду нафар ҳастанд, вале дар Тоҷикистон 18 театри касбӣ ҳаст. Агар соле як асари миллӣ гузоранд, 18 асари нав лозим аст…

Театр ба ислоҳот ниёз дорад

— Моҳпайкар, ба андешаи шумо феълан мушкилоти асосии театри тоҷик чист?

— Набудани режиссёрҳои ҳирфаӣ. Мо воқеан режиссёри хуб хеле кам дорем. Бояд бештар театрҳои мо режиссёрҳои хориҷиро даъват кунанд, вагарна сатҳи театри мо хеле паст хоҳад рафт.

— Имрӯз ҳам намоишҳои суст дар саҳна зиёд аст?

— Бале, зеро театр бояд фаъолият кунад. Иҷрои нақшаи молӣ, ки аз ҷониби вазорат ба сари театрҳо гузошта мешавад, осон нест. Бинобар ин, маҷбур намоишҳои сусти серхаридорро ба саҳна мегузорем. Бовар кунед, ҳозир фаъолияти ҳунармандон хеле душвор аст. Зеро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷалби хонандагони мактабҳоро ба театр манъ кардааст. Пас мо барои кӣ бояд фаъолият кунем? Театр барои кӣ аст? Ба ҷойи дастгирӣ монеа гузоштан дуруст нест. Ҳол он ки, ба ҳама душвориҳо нигоҳ накарда, мо кор мекунем, намоишҳои хуб кам нестанд…

— Вале ҳамоно толорҳо камодам…

— Барои он ки тарғиб нест. Зиёд мехоҳам, ки дар таблоҳои маркази шаҳр дар баробари рекламаи ширкатҳои тиҷоратӣ афишаи театрҳо ҳам реклама шавад.

— Ба якрӯза рекламаи таблоҳо буҷети яксолаи театри шумо шояд нарасад…

— Дидед, ҳама чиз ба пул бармегардад. Вақте ман моноспектакли “Шаби танҳоии як зан”-ро ба саҳна гузоштам, эълони онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардам, аз дӯстонам хоҳиш кардам, ки онро дар саҳифаҳояшон бознашр кунанд. Чанд маротибае, ки ин намоиш ба саҳна гузошта шуд, толор пур буд.  

— Чанд маротиба вазиронро дар толори тамошо дидед?

— Рости гап ғайр аз вазири фарҳанги худамон касеро намебинам.

Сатҳи YouTube-филмҳо

— Феълан силсилафилми “Артист” баромад, ки дар он ҷо яке аз нақшҳои марказиро иҷро мекунед. Вале дар ин филм ҳам образи манфиро мебозед. Чаро ба шумо солҳои охир нақши хушдоман ва модари бадро пешниҳод мекунанд?

— Ба ман ин саволро зиёд медиҳанд. Медонед, нақши хубро ҳама актёр иҷро карда метавонад, вале нақши бадро на ҳама. Характер офаридан душвор аст.

— Муносибати мардум ба ин нақшҳои шумо чӣ тавр аст?

— Буд ҳолатҳое, ки маро бад медиданд, вале хушбахтона ҳозир ҳама маро дӯст медоранд. Мегӯянд, ки апаҷон, бозӣ накунед чунин нақшҳоро, ба шумо намезебад. Вале ман мегӯям, ки касби мо вобаста аст, режиссёр аст, ҳар чӣ пешниҳод кунад, онро бозӣ мекунем.

— Моҳпайкар, имрӯзҳо дар фазои YouTube филмҳои тоҷикӣ зиёд шуданд. Вале сатҳи ҳамаи онҳо ба талаботи оддии филмбардорӣ ҷавобгӯ нест. Ба ин филмҳо чӣ назар доред?

— Хуб аст, ки имрӯз ҷавонон ба офаридани кино таваҷҷуҳ доранд. Дар YouTube воқеан ҳастанд силсилафилмҳое, ки тарбиявӣ ва бомаънӣ ҳастанд. Вале мутаассифона филмҳои каммазмун зиёданд. Инҳоро барканор бояд кард.

— Чаро имрӯз ҳама мехоҳанд филм бигиранд?

— Мехоҳанд машҳур шаванд. Вале фикри онро намекунанд, ки ба завқи мардум чӣ таъсири бад мегузоранд.

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Нашри 8-уми барномаи “РӮ ба РӮ”-ро дар YouTube канали Pressa.tj тамошо кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *