Баъди таҳқиру дашном аз мӯйи сари занаш кашола карду зиндонӣ шуд (аудио)
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз дастгир шудани нафаре хабар дод, ки павайста даст ба хушунати оилавӣ мезадааст.
Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси муроҷиати бошандагони яке аз биноҳои истиқоматии кӯчаи Борбад як нафар сокини биноро, ки павайста даст ба хушунати оилавӣ мезадааст, дастгир ва ба мақомот дастрас намудаанд.
Зимни санҷиш муайян карда шудааст, нафари дастрасгардида шаҳрванд Сафарзода Солеҳ Қудратулло, санаи таваллудаш 02.04.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад буда, бо рафтори авбошонаи худ мунтазам даст ба озори ҳамсараш мезадааст. Аз ҷумла, шаби 23-юми январи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 20:00 дақиқа бо ҳамсараш муноқиша намуда, баъди таҳқиру дашном дар саҳни бинои истиқоматӣ аз мӯи сараш кашола карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст.
Гуфта мешавад, ки нисбати шаҳрванд Сафарзода Солеҳ тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, нисбаташ бо қарори суд ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ