Дастури раиси шаҳри Турсунзода: Кӯдакистонҳоро аз таъмир бароред!

Имрӯз бо мақсади шиносоӣ бо вазъи фаъолияти муассисаҳои томактабӣ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо масъулини шуъбаи маориф ва ҶСК “Насли наврас” аз як қатор кӯдакистонҳои шаҳр дидан намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода, нахуст бо вазъи муассисаҳои томактабии №№9, 11, 12, 14, 16-и ҶСК “Насли наврас”, ки дар тобеияти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” қарор доранд, ошноӣ сурат гирифтааст. Зимни шиносоӣ директори ҶСК “Насли наврас” Маҷидов Солеҳ иброз доштааст, ки феълан дар муассисаҳои томактабии ширкат тибқи рӯйхат беш аз 800 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз ин ҳисоб зиёда аз 230 нафари онҳо фарзандони кормандони ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” мебошанд.

Вобаста ба шароити маишии кӯдакистонҳо ва бо дарназардошти таъмирталаб будани онҳо ба масъулини ҶСК “Насли наврас” аз ҷониби раиси шаҳр дастур дода шудааст, ки муассисаҳо аз таъмир бароварда шуда, фарогирии кӯдакон тибқи лоиҳа ба 1300 нафар расонида шавад.

— Дар идома ҳамчунин аз кӯдакистони №2, 8 ва кӯдакистони хусусии “Дилбар” дидан намуданд. Ба масъулин супориш дода шуд, ки дар муассисаҳо ба раванди тарбияи кӯдакон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардад, зеро муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ заминаи асосии инкишофи тафаккури зеҳнию ақлонии кӯдакон ба шумор рафта, тарбияи насли ояндасоз аз кӯдакистон сарчашма мегирад,- меафзояд манбаъ.

Зикр карда мешавад, ки соли 2021 ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди деҳоти Регар ва Ҷӯра Раҳмонов ду муассисаи томактабӣ ифтитоҳ гардида, айни ҳол дар шаҳр бунёди боз 3 кӯдакистон идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *