Баъди зиндонӣ шудани Парвиз Давлатов Мадина даргузашт
Суди Олии Тоҷикистон Парвиз (Лутфулло) Давлатов, як мақоми баландпояи ширкати “Мегафон” ва фарзанди Давлаталӣ Давлатзода, муовини собиқи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро ба 8 соли зиндон маҳкум кард, вале бино бар асоси Қонуни афв, ҳукми ӯро то 5 солу 4 моҳи зиндон пойин овард.
Ёдовар мешавем, ки Суди Олӣ ҳукми Парвиз Давлатовро шоми 14-уми декабр эълон кард.
Парвиз Давлатов, тавре қаблан Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ба азобу уқубат айбдор мешуд. Вале ҳоло гуфта мешавад, ки додгоҳ ӯро ҳамчунин ба бисёрзанӣ ва расонидан ба ҳолати худкушӣ айбдор донистааст.
Муҳокимаи парвандаи Азиза Давлатова, ҳамсари аввали Парвиз Давлатов ва гумонбаршавандаи асосӣ дар азобу уқубати маъшуқаи шавҳараш Мадина Мамадҷонова дар Суди Олӣ ҳанӯз идома дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ