Духтари Президент сафир таъйин шуд

Бо фармони Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон  Рухшонаи Эмомалӣ сафир дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин гардид.

Фармони таъйини Рухшонаи Эмомалӣ ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Британиёи Кабир ва Ирландияи Шимолиро дафтари матбуоти Президент нашр кард.

Рухшонаи Эмомалӣ яке аз 7 духтарони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки собиқаи корӣ дар риштаи дипломатияи дохилӣ ва хориҷӣ дорад.

 Номи ӯ қаблан дар феҳрасти мақомдорони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳайси муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии ин ниҳод зикр шуда буд. Қабл аз кор дар ин мақом Рухшонаи Эмомалӣ дар намояндагии Тоҷикистон дар Бритониё низ кор кардааст.

Гуфта мешавад, ки ӯ дар мақоми сафир Масуд Халифазодаро иваз кард. Бо  фармони дигари Президент Халифазода ба далели гузаштан ба кори нав аз вазифаи сафир дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ озод гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *