Блогери солро интихоб намоед!

Шумо метавонед дар номинатсияи “Блогери сол-2021” як нафарро интихоб намоед ва ба ӯ овоз диҳед. Дар номинатсияҳои дигар ҳам ҳуқуқи ба як нафарӣ овоз додан доред.

Илҳом ФОЗИЛОВ, бунёдгузори “Битва блогеров”

Илҳом Фозилов соли 2013 ба блогинг омада, ҳамон сол дар Instagram саҳифаи худро фаъол кардааст. Ба қавле, тахминан 50-ум нафаре дар Тоҷикистон буд, ки Instagram кушод.

Мақсади Илҳом аз омадан ба блогинг ва блогер шудан — ин муаррифӣ кардани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ӯ дар видеоҳояш ҳамеша калимаи тоҷикро бештар истифода мебарад ва онро бо ифтихор мегӯяд.

Илҳом рассом, хореограф ва актёр аст. Ӯ дар фикрест, ки ҳар блогер бояд ҳунаре дошта бошад ва блогингро барои муаррифии худу кишвараш истифода барад.

Мавсуф имсол дар соҳаи блогинг ба ҷуз навгониҳои ҳарсолааш боз лоиҳаи “Битва блогеров”-ро ташкил кард. Мақсади ин лоиҳа дарёфти истеъдодҳои ҳақиқӣ аз миёни ҳаваскорони ин соҳа ва беҳтар кардани сатҳу сифати блогинг дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Ба ҷонибдории ӯ овоз диҳед!

СОЛЕҲ, бунёдгузори саҳифаи “Saliheen”

Имрӯз дар ҷомеаи мо инсонҳои хуб зиёданд ва бо ҳар восита ба мардуми дастнигару муҳтоҷ дасти мадад мерасонанд. Яке саховатпешаю хайрандеш аст ва ба ҳар роҳ мехоҳад дасти мадад ба мӯҳтоҷон дароз кунад. Ҳарчанд ҳастанд касоне, ки ба ғорати мӯҳтоҷон даст мезананд. Солеҳин муаллифи барномаи хайриявии “Saliheen” мебошад. Дар ин барнома як ҷавон бо ниқоб, дар як даст ҷузвдону дар дасти дигар мактуб, назди дарвозаи хонаи мардум рафта, онҳоро ҳамагӣ дар чанд дақиқа хушҳол мекунад.

Кӣ будану ба ҷуз корҳои хайриявӣ ба чӣ корҳо машғул будани блогери саҳифаи Saliheen маълум нест ва ба кадом далел респондентҳо ӯро баргузидаанд, низ бароямон рӯшан нест. Модоме, ки мардум интихоб карданд, мо низ ӯро мепазирем ва ба даври дуюм овоздиҳии online тавассути Pressa.tj ворид намудем.

 Умедворем, ки бо навиштаҳо, шарҳу тафсири шумо дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ ниқоб аз чеҳра бардошта мешавад. Худро ба канор нагиред, нависед ва ба ҷонибдории Солеҳ овоз диҳед!

БАРОН (Беҳрӯз Набиев), бунёдгузори “Авлод медиа” 

Довталаби сеюми номинатсияи “Блогери сол” Беҳрӯз Набиев мебошад, ки мардум ӯро бештар бо номи Барон мешиносанд. Барон аслан рэпер аст, вале чанд соли охир ҳамчун блогер муаррифӣ шуда, дар YouTube ва Instagram саҳифаҳояшро бомаром пеш мебарад ва дар қатори блогерони муваффақи кишвар ҷойи махсуси худро дорад.

Видеоблогерии Барон солҳои 2018-2019 оғоз шуд ва аввалин навораш, ки аз тарзи муштарӣ қабул кардани занони шабгард нақл мекард, вокунишҳои зиёдеро ба бор овард ва дар ростои он бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам мушкил дошт.

Контенти Барон муроҷиатномаҳо, рэпҳо ва баъзан қайдҳои сафар мебошад ва бо ин равия теъдоди зиёди обуначиҳо ва бозбиниҳоро дорост.

Ҳоло саҳифаҳои Барон дар YouTube ва Instagram аз маъруфтарин блогҳо дар фазои маҷозӣ ба ҳисоб рафта, YouTube-аш дорои 531 ҳазор ва Instagram-аш соҳиби 775 ҳозор обуначӣ мебошанд.

Дар YouTube ва Instagram наворҳои Барон аз 200 ҳазор то чандин миллион бозбинӣ мешаванд ва дар ин ҳол яке аз довталабони асосии ин номинатсия ба ҳисоб меравад.

Қисме аз мардум бар он назаранд, ки маъруфияти Барон вобаста ба Абдурозиқ Игамов аст, ки бо ӯ ҳамкорӣ дошт ва чанде пеш аз ҳам ҷудо гаштанд. То кадом андоза ин гуфта асос дорад, овоздиҳии online тавассути Pressa.tj нишон хоҳад дод!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

11 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Pingback: “Рейтинг – 2021”: Ғолибон муайян шуданд — Home

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *