Сарояндаи солро интихоб намоед!

Шумо метавонед дар номинатсияи “Сарояндаи сол-2021” як нафарро интихоб намоед ва ба ӯ овоз диҳед. Дар номинатсияҳои дигар ҳам ҳуқуқи ба як нафарӣ овоз додан доред.

Ҷонибек МУРОДОВ, овозхон

Дар соли равон бешак, метавон гуфт, ки дастовардҳои ҳунарии яке аз сарояндагони раддаи аввали кишвар Ҷонибек Муродов нисбат ба дигар овозхонҳои ҷумҳурӣ назаррас буданд.

Ҷонибек Муродов, ки санъати мусиқии попи тоҷикро берун аз Тоҷикистон муаррифӣ кардааст, имсол таронаҳои маъруфи “Худо ҳаст”, “Бо ҳам”, “Хеле” ва ғайраҳоро таҳияву пешкаши ҳаводоранаш кард. Ҳамчунин, номбурда дар чандин ҷашнвораҳо иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳои зиёде гардид.

Ёдовар мешавем, ки Ҷонибек Муродов 29-уми майи соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ҷонибек писари ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов аст. Соли 2003 мактаби миёнаро дар Хуҷанд ба поён расонда, донишҷӯи Донишгоҳи муосири гуманитарии тоҷикиву русӣ дар Хуҷанд шуд ва онро бо тахассуси забоншинос-арабшинос ба анҷом расонд.

Ӯ фаъолияти ҳунариашро соли 1995 оғоз карда, то соли 2005 овозхони гурӯҳи хуҷандии «Боло» буд. Солҳои 2006-2007 бо гурӯҳи «Вазир» ҳунарнамоӣ мекард ва аз соли 2007 худ ба танҳоӣ овозхонӣ мекунад. Тӯли фаъолияти ҳунарии худ дар дохилу хориҷи кишвар чандин консертҳо баргузор кардааст ва то ин дам соҳиби ҷоизаҳои “Суруди сол” (дар солҳои 2005, 2006, 2007), “Ситораи сол” (дар соли 2008) ва «Tamoshow Music Awards (дар соли 2017) гардидааст. Ба ҷонибдории ӯ овоз диҳед!

Мубориз УСМОНОВ, овозхон

Мубориз Усмонов, ровӣ, актёр, продюсер ва овозхони тоҷик имсол дар соҳаи овозхонӣ то андозае муваффақ шуд, ки ҳатто худаш ба ин боварӣ надошт.

Ӯ аз аввали сол ба таҳияву пахши сурудҳояш шурӯъ кард ва аллакай дар моҳи май консерти яккаи худро дар шакли муаррифии албоми нав бо номи «Сипос» дар Кохи Суруш баргузор кард. Албоми мазкур аз 20 суруд иборат буд ва қисми зиёдашон дар ҳамин сол таҳия шуда буданд.

Ҳамчунин, Мубориз Усмонов чандин консертҳо дар саросари ҷумҳурӣ доир намуда, ҳатто тавонист, ки дар охири сол консерти яккаи худро дар шаҳри Маскави Русия барпо кунад.

Мубориз Усмонов 19-уми июни соли 1993 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст, вале давраи кӯдакиашро дар шаҳраки Шайдон гузарондааст. Дар солҳои мактабхонӣ дар мактаби мусиқӣ таҳсил кардааст ва хатмкардаи ДМТ мебошад. Ҳоло директори кулли “Радиои нав”, муаллифи шабакаи ютубии “Имшаб” ва ровиву овозхон ба ҳисоб меравад. Ба ҷонибдории ӯ овоз диҳед!

Сафармуҳаммад РУСТАМ, овозхон

Дар соли 2021 Сафармуҳаммад Рустам сурудҳои “Umre tizd”, “Camarob”, “Bargu Bogh” ва “Amor”-ро манзури ҳаводоронаш кард. Ӯ имсол аз ҷумлаи сарояндагоне буд, ки дар қисми зиёди консертҳо ва чорабиниҳои гуногуни кишвар дар радаи аввал буд. Ҳамчунин, Сафармуҳаммад консерти аввалин ва яккаи худро дар шаҳри Маскави Русия барпо кард.

Сафармуҳаммад Рустам 13-уми июли соли 1996 дар ноҳияи Ховалинг дар оилаи санъаткор таваллуд шудааст. Сафармуҳаммад аз синни хурдӣ ба суруд хондан завқи баланд дошт ва дар овони мактабӣ бо хоҳараш Меҳрнигори Рустам дуэте дар бораи хониши аъло сароидааст. Ӯ хатмкардаи мактаби миёнаи №1-и шаҳри Душанбе ва риштаи дипломатияи Донишгоҳи Пекин аст. Падараш Баҳром Қодиров мутриби ансамбли «Дарё», соҳиби унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» ҳастанд. Модараш Адибаи Рустам қаблан санъаткор буданд. Хоҳараш Меҳрнигори Рустам низ овозхони шинохта аст. Ба ҷонибдории ӯ овоз диҳед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *