Варзишгари солро интихоб намоед!

Шумо метавонед дар номинатсияи “Варзишгари сол-2021” як нафарро интихоб намоед ва ба ӯ овоз диҳед. Дар номинатсияҳои дигар ҳам ҳуқуқи ба як нафарӣ овоз додан доред.

Акмалиддин КАРИМОВ, варзишгар

Имсол дар риштаи варзиш корнамоиҳои зиёде доштем, вале нахуст бояд аз ғолибияти фараҳбахш ва фаромӯшнашавандаи Акмалиддин Каримови 31-сола ёдовар шуд, чунки дар соли 2021 чемпиони ҷаҳон оид ба самбо шуд.

Акмалиддин Каримов, барандаи чор медали нуқраи мусобиқоти ҷаҳонии самбо дар вазни то 58 кило имсол пас аз се пирӯзӣ бар варзишгарони давлатҳои Тринидад ва Тобаго, Марокаш ва Қазоқистон ба даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Ӯ дар марҳилаи ниҳоӣ бар ҳарифи русаш Саян Ҳертек пирӯз шуда, медали тиллоро соҳиб гардид. Бо ин пирӯзӣ орзуи қаҳрамони ҷаҳон шудан дошт ва ниҳоят дар 31-солагӣ ба ҳадафаш расид.

Акмалиддин Каримов 5-уми январи соли 1990 таваллуд шуда, самбист, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо дар соли 2021, қаҳрамон ва барандаи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, қаҳрамони Бозиҳои осиёӣ, барандаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ғолиб ва барандаи медали мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо аст. Акмалиддин дар вазнхои сабуктарин (то 52 килограмм) ва вазни сабук (то 57 килограмм) баромад мекунад. Ба ҷонибдории ӯ овоз диҳед!

Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, варзишгар

Соли 2021 дар корномаҳои варзишии варзишгари номовари мо Комроншоҳи Устопириён саҳифаи тозаеро боз кард. Ин ҷудокори шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2021» соҳиби медали нуқра гардид.

Пас аз анҷоми мусобиқаи ҷудо дар Абудабӣ федератсия рейтинги ниҳоии қавитарин варзишгарони ҷаҳонро нашр кард, ки раддабандии ниҳоии сол дар байни калонсолон аст ва то охири мавсим дигар тағйир намеёбад. Дар ин рейтинг Комроншоҳи Устопириён якбора чаҳор зина боло рафт ва ҳоло дар вазни 90 кг бо 2497 имтиёз дар ҷойи 13-ум қарор дорад.

Комроншоҳи Устопириён 7.01.1993 таваллуд шудааст. Моҳи октябри соли 2015 дар силсилаи Гран-прии ҷудо дар Тошканд ва баъдан дар Ҷоми Осиё-2015 дар Тайван соҳиби медали нуқра гардид. Моҳи майи соли 2015 дар чемпионати Осиё дар Кувайт соҳиби медали биринҷӣ гардид. Комроншоҳ аз соли 2012 инҷониб ҳамасола дар қатори даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Ба ҷонибдории ӯ овоз диҳед!

Фаридун ОДИЛОВ,  варзишгар

Фаридун Одилов яке аз варзишгарони маъруфи тоҷик дар риштаи муҳорибаҳои омехта ба ҳисоб рафта, бо тахаллуси “Терминатор” баромад мекунад. Соли 2021 барои Терминатори тоҷик соли бобарор ва пур аз музаффарият буд. Охири соли равон Фаридун Одилов дар Маскав дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехтаи «Eagle» FC 43 иштирок карда, бо варзишгари испанӣ Эноко Торрес рақобат намуд. Мубориза се дақиқаю 37 сония давом карда, Фаридун дар даври якум бо нокаути техникӣ бар варзишгари испанӣ ғолиб омад ва камарбанди қаҳрамонияшро ҳифз кард.

Гуфта мешавад, ки ғолибият дар «Eagle» FC 43 шашумин ғалабаи пайдарпайи Одилов ва дар умум пирӯзии 12-ум буд. Варзишгар дар тамоми фаъолияти худ ҳамагӣ ду бор шикаст хӯрдааст ва як мусовӣ дорад.

Ин варзишгари 29-сола моҳи феврали соли 2021 дар мусобиқаи Eagle Fighting Championship 33 вориди ҳашткунҷа гардида, Сергей Калининро бо бӯғӣ кардан дар мавқеи паҳлуӣ шикаст дода буд.

Ба нақли худи ӯ, падараш мураббии гӯштини озод аст ва маҳз ӯ писарашро ба варзиш овардааст. Ва ҳатто ғолибияташро дар қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба самбо маҳсули заҳматҳои шабонарӯзии қиблагоҳаш медонад. Ӯ дар мусоҳибаҳояш борҳо дар бобати дастгириҳо ва ғамхориҳои падараш мегӯяд. Ба ҷонибдории ӯ овоз диҳед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

10 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *