Бадрӣ Тарвиҷ – Америка — Эрон
Сими ноб
Агар зи авҷи фалак нури моҳтоб шавам,
Ба хоки тира битобам, ки сими ноб шавам.
Сукути нимашабам, гӯш кун ба гоҳ пагоҳ,
Суруди замзамаи дилпазири об шавам.
Сафар кунам чу парасту ба болҳои хаёл,
Дар ошёнаи чашми ту мурғи хоб шавам.
Чу боди маст зи домони дашт синакашон,
Хурӯшу ҳамҳамаи рӯди пуршитоб шавам.
Ситеғи кӯҳаму саршор аз шукӯҳи ғурур,
Чаро аз бими хазон бетавону тоб шавам.
Агар ту абри карам соя бар сарам фиканӣ,
Раҳо зи манат борону офтоб шавам.
Чу шуъла саркашаму беқарор, то кӣ ва чанд,
Ба ҷурми сӯхтани хештан азоб шавам?
Паноҳу соҳили амни мано, дигар мапсанд,
Зи мавҷи ҳодисаҳо маҳв чун ҳубоб шавам.
Хуш он замон, ки ба фатвои шайх, масту хароб,
Зи нашъаи нигаҳи соқӣ, шароб шавам.
Расидаам ба хати интиҳо, ки медонанд?
Расам ба чашмаи хуршед то музоб шавам.
Ду рӯз монда ҳастӣ тафовуте накунад,
Ки бенасиб бимонам ё ки комёб шавам.
***
Фиреб
Дило, эй пок чун гул, ҳамнишини хору хас то кай,
Ба доми деву дад афтодаӣ, бе ҳамнафас то кай.
Зулоли осмони ишқро дарёбу пар бикшо,
Ҳумои тезпар чун ту асири ин қафас то кай.
Зи банд озод шав, з-ин худпарастон додхоҳӣ кун,
Ба зиндоне чунин хӯ карда бе фарёдрас то кай.
Ту мурғи нағмасози боғи сарсабзи баҳоронӣ,
Тараннум кун, хамӯш аз виз-визи чандин магас то кай.
Фиреби ранги ҳар бегонаро хӯрдан чаро бояд,
Зимоми ақлро додан ба дасти ҳар ҳавас то кай.
Зи дасти зуҳди ҷонфарсои ёрони дағал охир,
Бигӯ бо ман, ки фарёди зани озода бас, то кай.
***
Танҳоӣ
Чунин ки хаста ба ҷурми вафои хештанам,
Асири ин дили дардошнои хештанам.
Чунон ба кори дили хеш мондаам, ки дигар,
Раҳо зи ҳастии ту ё фанои хештанам.
Миёни ҷамъаму дур аз ту, боз мебинам,
Ту то ҷудо зи манӣ, ман ҷудои хештанам.
Ба вожаҳои дилангези шоирона қасам,
Ки покбози ғазалвораҳои хештанам.
Зи бими фитна намондаст шавқи парвозам,
Ки ошиқи қафасу инзивои хештанам.
Ба шӯрбахтиам афзуда ашкҳо он сон,
Ки ғофил аз шакарин хандаҳои хештанам.
Дар ин тадовуми шаб дар миёни биму умед,
Ситораи шаби беинтиҳои хештанам.
***
Чашм ба роҳ
Шабам ба ҳасрату рӯзам ба интизор гузашт,
Дареғи умр, ки дар ранҷи рӯзгор гузашт.
Лабам ба шиква нашуд боз пеши душману дӯст,
Агарчӣ шарҳи ғамам аз саду ҳазор гузашт.
Касе, ки хуфта дар оғӯши бахт кай донад,
Чиҳо ба хастадилони уммедвор гузашт.
Дигар чи бим зи дӯзах, ки ин ду рӯзи ҳаёт,
Ба ҳар даме батар аз он ҳазор бор гузашт.
Агар шукӯҳи дилангези боғи поизам,
Зи дашти ҳастии ман ҷилваи баҳор гузашт.
Хамӯш гаштаву дигар тарона сар накунам,
Ки фасли ишқу ғазалҳои обдор гузашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ