Нархи Ҳаҷ боз 150 долар қиммат шуд

Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон нархи имсолаи сафари Ҳаҷро 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирам муқаррар кардааст, ки бо қурби расмӣ, ба тақрибан 3850 доллар баробар аст.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17 май эълон кард, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши хизматрасониҳо барои мавсими «Ҳаҷ-2017”-ро 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирам муқаррар кардааст. Бо қурби расмии Бонки миллӣ, ин тақрибан 3850 долларро ташкил медиҳад.Соли гузашта арзиши сафари Ҳаҷ аз Тоҷикистон ҳудуди 3700 доллар буд.

Кумитаи дин мегӯяд, ин пули сафари Ҳаҷ хароҷоти зеринро дар бар мегирад:

Чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт)

Будубош дар меҳмонхонаҳои Маккаи мукаррама дар масофаи то 1 км аз Масҷид-ул-ҳаром. Иқомат дар утоқҳои дорои 4-6 рахти хоб.

— Иқомат дар меҳмонхонаҳои марказии Мадинаи мунаввара ва дорои 4 рахти хоб.

— Таъмини ҳоҷиён бо се вақт хӯроки муайян дар Макка ва Мадина.

-Таъмини ҳоҷиён бо хурок дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа.

— роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ.

қомат дар Мино дар зери хаймаҳои муҷаҳҳаз бо ҷиҳози сардидиҳанда.

Анҷом додани қурбонии ҳоҷиён.

Таъмини ҳоҷиён бо кӯрпаҳои тунук, кӯрпача ва болишт дар Мино.

-Таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина.

— Пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ

— Ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба ҳоҷиён.

— Таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ.

— Таъмини ҳоҷиён бо 5 л. оби Замзам аснои бозгашт ба Ватан.

Таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдонҳои калону хурд.

— Пардохти маблағи авоид (боҷи шоҳӣ).

Зоироне, ки ҳаққи сафар ба Ҳаҷро ба даст овардаанд, пули ин сафарро бояд тавассути «Амонатбонк” пардохт кунанд.

Ҳар сол аз Тоҷикистон 6300 нафар метавонанд барои анҷоми фарзи Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *